Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ги Мун низомиёни Исроилро маҳкум кард


Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низомиёни Исроилро барои ҳамлаашон ба мошини муассисаҳои имдодӣ ва қатли ду корманди Созмони Милал дар Навори Ғазза маҳкум кард. Баъди ин ҳамла муассисаи имдодии Созмони Милал барои паноҳандагони фаластинӣ аз тарси нерӯҳои Исроил фаъолият дар Навори Ғаззаро муттавақиф кард. Ин ҳодиса дар шимоли Ғазза ҳангоми таннафуси нерӯҳои Исроил барои иҷоза додани интиқоли кӯмакҳои башарӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Нерӯҳои Исроил сенздаҳ рӯз пеш ба Навори Ғазза юриш бурданд, то ба мушакандозиҳои Ҳамос ба қаламрави Исроил хотима диҳанд.
XS
SM
MD
LG