Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мири шаҳр машғули кӯчарӯбист...


Як гӯшаи шаҳри Долореси Аргентина
Як гӯшаи шаҳри Долореси Аргентина

Мири шаҳри Долореси Аргентина як шуғли иловагӣ пайдо кардааст. Камило Этчеваррен ҳафтаи савум аст, ҳар шом ба гардиши шаҳр мебарояд ва партовҳои ҳамшаҳрони худро меғундорад.

Албатта, ин вазифаи нав барои ӯ ихтиёрӣ нест, балки шаҳрдор ба он сабаб партовғундор шудааст, ки кормандони хоҷагии коммуналии шаҳр коршиканӣ эълон карданд. Онҳо мегӯянд, то замоне ки музди корашон зиёд карда нашавад, ба кор нахоҳанд баромад. Дар ин байн халтаҳои партов дар назди биноҳо тӯда шудаанд, зеро тибқи маъмул шаҳрвандон дар соати муайян партовҳоро берун мебароранд ва сари роҳ мегузоранд.

"Дар чунин вазъият, мегӯяд шаҳрдор Этчеваррен мо маҷбур шудем, гурӯҳи афродеро ба кори муваққатӣ гирем ва барои пуштибонӣ аз онҳо ман ҳар шаб ҳамроҳашон ба ҷамъоварии партовҳо меравам." Вай рӯзона вазифаи мири шаҳрро ба ҷо меорад ва баъд аз кор ба поккории кӯчаҳо машғул мешавад. "Ҳоло шаҳри мо тозаву озода аст," мегӯяд Этчеваррен ба хабарнигорон. "Шабҳо ман ба мошини партовҳо, паҳлуи ронанда менишинам ва ба кори одамон кӯмак мерасонам, махсусан дар бор кардани сангинтарин халтаҳо."

Шаҳрдори Долорес мегӯяд, талаби иттиҳодияи касбии партовғундорон ноодилона аст, зеро ба наздикӣ буд, ки музди кори онҳо 20 дарсад зиёд карда шуд. Сокинони шаҳр аз рафтори онҳо норозиянд ва мехоҳанд, шаҳри онҳо ҳамеша тозаву озода бошад. Этчеваррен меафзояд, агар ӯ ба тоза кардани кӯчаҳо машғул нашавад, сокинон аз пардохти андоз худдорӣ хоҳанд кард.

Шаҳри Долорес, ки 28 ҳазор сокин дорад, дар устони Буйнос-Айрес, дар 200-километрии пойтахти Аргентина воқеъ буда, яке аз марказҳои ҷаҳонгардӣ низ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG