Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллер ва Дубина дар Бруксел қарор доранд


Раҳбарони ширкатҳои “Газпром”-и Русия ва ҳам “Нафтогази”-и Украина ба хотири музокирот бо мақомоти ИА вориди Бруксел шуданд. Мавзӯъи аслии музокирот баҳси нархи газ байни Русияву Украина аст, ки боиси қатъ шудани содироти гази Русия ба Аврупо тавассути қаламрави Украина шуд. Аммо мулоқоти мустақими Олег Дубина ва Алексей Миллер дар ҳошияи музокироти Бруксел дар назар дошта нашудааст. Русия тақрибан чаҳоряки ниёзи Аврупо бо газро таъмин мекунад ва аз рӯзи чоршанбе қатъ шудани содироти газаш ба беш аз 10 кишвари аврупоӣ тавассути Украина боис шуд, ки ин кишварҳо ба хотири пӯшонидани камбуди газ даст ба захираҳо ва ё ба тадобири изтирорие, чун маҳдуд кардани тавзеъи газ, бизананд. ИА ҳушдор дода, ки агар ин баҳс ба зудӣ ҳалл нашавад, эътибори Русия ҳамчун таъминкунандаи газ ва эътибори Украина ҳамчун кишвари транзитиро латма хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG