Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз авоқиби бӯҳрон ҳушдор хоҳад дод


Интизор меравад, Барак Обама, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико, шоми имрӯз дар суханрониаш ҳушдор диҳад, ки дар ғайри сурати иттихози тадобири қотеъона иқтисоди Амрико барои солҳо дар панҷаи пасрафт хоҳад монд. Ба гуфтаи коршиносон, Обама аз ҷумла аз эҳтимоли афзоиши бакарати шумори бекорон ҳушдор хоҳад дод. Обама ва мушовиронаш ҳамроҳ бо аъзои Конгресс рӯи як барномаи 775-миллиарддоларӣ кор мекунанд, ки аз ҷумла баъзе сабукиҳо дар пардохти молиёт ва масрафи бештари пул ба бунёди роҳҳо ва мактабҳоро фаро мегирад. Обама умедвор аст, ки Конгресс дар зарфи чанд ҳафтаи шурӯъи давраи раёсатҷумҳурии ӯ ин барномаи кӯмакро тасвиб хоҳад кард. Барак Обама расман рӯзи 20 январ ба курсии раҳбарии Амрико хоҳад нишаст.
XS
SM
MD
LG