Субҳон Ашӯров, муовини вазири меҳнат ва ё кори Тоҷикистон, низ мегӯяд, хонаводаҳои камбизоати муҳоҷиршуда натавонистаанд, дар заминҳои назди сарҳади барои худ манзил бунёд кунанд ва маҷбур бозпас ба манзилҳои пешинаи худ баргаштаанд.
Аммо Саймудин Насриддинов, раиси раёсати шуғли аҳолии вилояти Хатлон, мегӯяд, иллати аслии бозгаши хонаводаҳо ба маконҳои қаблиашон ин адами оддитарин шароити зиндагӣ дар манотиқе, ки муҳочирони дохилӣ ба он ҷо куҷонида шудаанд, будааст. Оқои Садриддинов афзуд, дар ин манотиқ ҳатто оби нӯшокӣ масъалаи доғ аст. Вай гуфт, фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон дар таъмини манзил, оби ошомиданӣ, нерӯи барқ ва шароити зист барои муҳоҷирони дохилӣ ҳамоҳанг нест.
Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, акнун аз хонаводаҳои бозпасгашта заминҳо ва маблағи пардохташударо бозпас мегирад ва талош мекунад, хонаводаҳои дороро барои кӯчидан ба манотиқи наздисарҳадӣ ҷалб кунад.
Шарҳҳоро бинед (5)
Боз кардани шарҳи бештар