Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози Канада дар Афғонистон ҳалок шуд


Мақомоти низомии Канада мегӯянд, бар асари таркиши бомбе дар ҷануби Афғонистон як сарбози он кишвар кушта ва се тани дигарашон маҷрӯҳ шудаанд. Мошини зиреҳпӯши сарбозон рӯзи чаҳоршанбе зимни амалиёти низомӣ дар наздикии шаҳри Қандаҳор ба бомби канори роҳ бархӯрдааст. Баъди ирсоли нерӯҳояш ба Афғонистон дар соли 2002, Канада то кунун 107 сарбози худро дар он кишвар талаф додааст. Канада дар ҳайъати нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО, 2700 сарбоз дорад, ки дар атрофи Қандаҳор, як такягоҳи аслии ҷангҷӯёни Толиб мустақаранд.
XS
SM
MD
LG