Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил ба як мактаби марбут ба СММ дастикам 30 нафар кушта шудааст.

Тибқи иттилоъи мақомоти фаластинӣ, дар байни кушташудагон дар бинои мактаби «Ал-Фалуҷ», ки ба Созмони Миллали Муттаҳид марбут аст, кӯдакон низ ҳастанд. Гуфта мешавад, дар ин дабистон ҳангоми ҳамлаҳои ҳавоии Исроил гурӯҳе аз мардуми маҳаллӣ ва иддае аз пайкорҷӯёни Ҳамос паноҳ мебурдаанд.

Созмони Миллали Муттаҳид куштори дастикам 30 нафар дар дабистони «Ал-Фалуҷ»-ро таъйид кардааст.

Ҳамзамон ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза ва набард миёни артиши Исроил ва пайкорҷӯёни Фаластин идома дорад. Мақомоти беҳдоштии фаластинӣ мегӯянд, мардум дар Навори Ғазза аз камбуди ғизову доруворӣ ва дигар маводи аввалия ранҷ мекашанд. Мақомоти Исроил эълон кардаанд, ки барои интиқоли кӯмакҳои башарӣ як гузаргоҳеро ба Навори Ғазза боз мекунанд.

Дар ҷараёни 11 рӯзи юриши Исроил ба Навори Ғазза 660 фаластинӣ ва 5 исроили кушта шудаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG