Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо хостори риояти ҳаққи худ шуд


Иттиҳодияи Аврупо коҳиши интиқоли гази русӣ ба кишварҳои узвашро “комилан ғайриқобилиқабул” хонд, ки паёмади ҷанҷоли мудавоми Русия ва Укроин дар бораи ҳаққу қимати гази содиротӣ аст. Иттиҳодияи Аврупо талаб кард, то интиқоли газ фавран аз сар гирифта шавад ва гуфт, барои ҳалли зуди баҳси Русияву Укроин муколама бо ду тарафро шиддат мебахшад. Субҳи дирӯз кишварҳои ҷанубушарқи Аврупо гуфтанд, ки ҷараёни газ ба онҳо комилан қатъ шудааст ва чанде аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Ғарбӣ ҳам гуфтанд, ки назар ба меъёри муқаррарӣ газро ниҳоят кам дарёфт мекунанд.
XS
SM
MD
LG