Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гардиши нав дар ҷанҷоли Русия ва Укроин


Владимир Путин – нахуствазири Русия дастур додааст, то интиқоли газ аз тариқи қаламрави Укроин ба кишварҳои Аврупоӣ коҳиш дода шавад. Судури ин дастур дар ҳолест, ки дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел ҷамъ омада ва ҷанҷоли Русия Укроин дар мавриди содироти гази табииро баррасӣ мекунанд, ки аз ин кишварҳои узви он иттиҳодия низ осеб мебинанд. Иттиҳодияи Аврупо як ҳайъати расмии худро рӯзи душанбе ба Укроин фиристод, то доир ба баҳси пардохти қарз ва қимати гази Русия бо мақомти Киев гуфтӯгу кунад. Владимир Путин ба мудири ширкати “Газпром” Алексей Миллер амр додааст, интиқоли газ аз тариқи Укроинро аз рӯзи гузашта ба ҳадде кам кунад, ки ба гуфтаи Маскав, Укроин аз лулаҳои транзитӣ медуздад. Алексей Миллер гуфт, Русия интиқоли газ ба кишварҳои Аврупоро аз тариқи Ҷумҳурии Белорус ва лӯлаи зери Баҳри Сиёҳ афзоиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG