Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нав - бе гази табиӣ


Идораи «Суғдгаз» интиқоли газ ба хонаҳои сокинонро аз рӯзи сеюми соли нав комилан қатъ кард. Сокинон аз он ки маблағи истифода аз гази табииро пешпардохт намуда, аммо кам газ гирифтанд, изҳори норизоӣ мекунанд.

Холаи Маърифат, як зани 62-солаи хуҷандӣ мегӯяд, бе газ мондани манзилаш дар бинои бисёртабақа, дар ҳоле ки барқи доимӣ низ надоранд, мушкили оилаи калони онҳоро дар ин фасли сармо дучандон кардааст. Ба гуфтаи Абдуазиз ном сокини дигари Хуҷанд, чунин муомила бовари сокинонро аз усули «пешпардохт – гази табиии доимӣ», ки ахиран аз ҷониби идораи газ бисёр ташвиқу тарғиб мешавад, костааст.

Кормандони идораи газ ду ҳафта пеш хона ба хонаву, дар ба дар гашта, аз аҳолӣ аз 30 то 60 сомонӣ маблағи пешпардохт барои гази табиӣ ҷамъ оварда будаанд. Масъулини идораи газ мегуфтаанд, ки бар ивази маболиғи пардохта сокинон ба таври шабонарӯз гази табииро дастрас хоҳад кард. Ин кор, ба гуфтаи шоҳидони ҳол, хеле бо душворӣ анҷом гирифта буд, чунки қисме аз сокинон ба ваъдаи мақомот шубҳа карда, аз пешакӣ додани маблағ саркашӣ мекарданд.

Ҳамакнун, масъулини идораи «Суғдгаз» мегӯянд, дар пайи боло рафтани нархи гази табиӣ он маблағҳои ҷамъоварда барои идомаи интиқоли доимӣ кофӣ нест. Гавҳар Қосимова, яке аз масъули идораи мазкур дар шарҳи ин афзуд, ки чун нархи гази табиии содиротии худро Узбакистон хеле баланд – 240 доллар барои ҳазор метри кубӣ боло бурд, акнун сокинон бояд боз маблағҳои пешпардохт ҷамъ оранд. Ба гуфтаи хонум Зокирова, он вақт идорааш ба интиқоли гази табиӣ ба хонаҳои сокинон сар хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки нархи нави гази табиӣ барои сокинон ҳанӯз аз ҷониби идораи «Тоҷикгаз» таъин карда нашудааст ва баъди 10 – уми январ маълум хоҳад гашт. Он гоҳ, ба гуфтаи хонум Зокирова, боз ҳамон силсилаи ҷамъоварии маблағҳои пешпардохт ва мувофиқи он интиқоли газ ба манзилҳои сокинон аз сар гирифта хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, ин навбат маблағи пешпардохт барои хонаҳои заминӣ 110 ва манзилҳои бисёртабақа 70 сомонӣ муқаррар шудааст.

Зимнан, сокинони Хуҷанд танҳо дар даҳрӯзаи ахири соли гузаштаи 2008 ба гази табиӣ дар манзилҳои худ – ва он ҳам танҳо аз субҳ то шом – дастрасӣ пайдо карда буданд. Вале дар фасли гармо қисмати умдаи хонаҳои сокинон аз гази табиӣ комилан маҳрум гузошта шуда буд.
XS
SM
MD
LG