Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Тоҷикистон аз вазъ дар Ғазза


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон имрӯз, 5-уми январ, изҳороте нашр ва аз вазъ дар навори Ғаза изҳори нигаронӣ кард.

Дар ин изҳорот омадааст, шиддат гирифтани даргириҳои мусаллаҳона дар наоври Ғазза боиси кушта шудани садҳо ва ҷароҳат бардоштани ҳазорон нафар аз аҳолии осоишта, аз ҷумла кӯдакон ва занон шудааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Ғаза, ки дар ҳолати муҳосира қарор дошт, бар асари даргириҳо метавонад ба фоҷеъаи башарӣ дучор шавад.

Давлат Назрӣ гуфт, дар изҳорот омадааст, қазияи Ғазза, ва умуман бӯҳрони Ховари Миёна наметавонад ҳалли низомӣ дошта бошад. Аз ин дидгоҳ, вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ҳама тарафҳои даргир даръват ба амал овардааст, ки фавран ва бе ҳеҷ қайду шарт оташбас эълон кунанд ва раванди музокиротро аз сар гиранд.

Оқои Назрӣ афзуд, Тоҷикистон аз талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мусолиматомези ин буҳрон ҷонибдорӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG