Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи хушунат дар Ғазза


Раҳбари дар ҳиҷрат қарор доштаи созмони Ҳамос ба Исроил ҳушдор дод, ки амалиёти заминии нерӯҳои ин кишвар дар минтақаи Ғазза хатои маҳз хоҳад буд.

Дар изҳороте, ки Холид Машъал дар шаҳри Димашқ ба навор гирифта, тариқи шабакаи телевизиони арабии ал-Ҷазира пахш намуд, номбурда таъкид кардааст, ки муқовимати Ҳамос ва зербино ё худ инфраструктураи ин созмони исломӣ ҳамоно по бар ҷост.
Дар ҳамин ҳол ҳавопаймоҳои исроилӣ ҳафт рӯз инҷониб ҳамлаҳои ҳавоӣ болои иншооти Ҳамос дар Ғаззаро идома медиҳанд. Назар ба хабарҳои расида ҳамлаҳои Исроил то кунун ҳаёти ҳадди ақалл 430 фаластиниро аз байн бурда, беш аз 2000 нафари дигарро захмӣ намудаанд.

Бар асари мушакпаррониҳои ҷангҷӯён 4 исроилӣ кушта шудаанд.
Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ҳаракати Ҳамосро масъули хушунат номида, мушакпарронӣ болои Исроилро амали террористӣ унвон дод. Раисҷумҳури ИМА даъват кард, ки иқдомҳои шадидтаре андешида шаванд, то силоҳ ба Ҳамос ва созмонҳои дигар нарасад.

Буш афзуд, ки бидуни назорат ва қатъи қочоқи силоҳ ба гурӯҳҳои ба гуфти ӯ террористии фаластинӣ созиши сулҳ қобили қабул нахоҳад буд.

XS
SM
MD
LG