Ҷумбиши ситезаҷӯи Ҳамос эълон кард, ки интиқоми қатли раҳбари аршади худ ва аҳли хонаводаи ӯро хоҳад ситонд. Сухангӯи Ҳамос, Исмоил Рудвон гуфт, барои зарба ба манофеъи сайҳунистӣ ба думболи қатли яке аз сарони Ҳамос, ин ҷумбиш аз ҳамаи воситаҳо, аз ҷумла ҳамлаҳои худкушона истифода хоҳад кард. Рӯзи панҷшанбе, дар рӯзи шашуми ҳамлаи Исроил аз зарбаи ҳавоӣ ба урдугоҳи паноҳандагони Ҷабалия яке аз раҳбарони сатҳи аввали Ҳамос, Низор Район, чаҳор ҳамсар ва чандин фарзанди ӯ ба ҳалокат расиданд.