Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солнома–2008. Варзиш дар Тоҷикистон


Ду медали намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин - шаҳри Пекин - доир гардиданд, бузургтарин дастоварди варзишгарони кишвар дар соли 2008 маҳсуб мешавад.

Баҳруллоҳ Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дастаи мунтахаби олимпии кишвар барои нахустин бор дар Бозиҳои олимпӣ бо шумули 15 нафар дар 8 ришта ҳунарнамоӣ кард. Оқои Раҷабалиев афзуд: «Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Пекин бо касби ду медал дар ҳисоби умумидастаӣ байни 205 кишвари ҷаҳон дар ҷои 65-ум қарор гирифт. Расул Боқиев дар сабқати гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид. Бояд тазаккур дод, ин аввалин медали олимпии Тоҷикистон аст, ки варзишгари мо дар ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар ба даст овардааст. Медали дуввуми Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин Юсуф Абдусаломов соҳиб шуд. Вай дар сабқати гуштии озод дар вазни то 84 кг бо медали нуқра сарфароз гардид».

Паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов имсол, инчунин, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Ин варзишгари 31-сола, ки дар Доғистони Русия ба сар мебарад, аз соли 2002 инҷониб шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ ҳимоя мекунад. Вай барои дуввумин бор Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ кард. Ю. Абдусаломов ба радиои Озодӣ гуфт: «Тоҷикистонро ман ватани дуввуми худ меҳисобам. Дар ин ҷо дӯстони зиёд дорам. Бинобар ин бо пайдо шудани аввалин имконот ба Душанбе меоям ва дар оянда ба ҷавонони тоҷик нозукиҳои гуштии озодро меомӯзонам».

Паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев соли 2008, ҳамчунин, дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар Итолиё ва Русия пирӯз гардида, соҳиби медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар шаҳри Ҳамбурги Олмон гардид. Р. Боқиев мегӯяд: «Мақсади ман ба даст овардани медали олимпист. Ва бовар дорам, ин орзуи ман дар Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ, ки соли 2012 дар Лондон доир мегарданд, амалӣ хоҳад шуд».

Барои муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов низ мавсими имсола бобарор буд. Вай нахуст дар Олимпиадаи Пекин ба сабқати чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, ба қатори панҷ нафар муштзанҳои беҳтарини олам дохил шуд ва ахиран дар Ҷоми ҷаҳонии бокс дар шаҳри Маскави Русия дар вазни то 81 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд. Бояд гуфт, ки ин аввалин медали Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии бокс ба шумор меравад. Ҷ. Қурбонов, ки дар нахустин дидори худ дар вазни то 81 кг бар муштзани Латвия Николайс Гришунинс аз рӯи холҳо бо ҳисоби 9:5 пирӯз гардида буд, дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгари Узбакистон Аббос Атоев зӯрозмоӣ кард. Баъди чаҳор раунд ҳисоб баробар – 9:9 гардид, вале аз рӯи нишондоди изофӣ муштзани узбак ғолиб дониста шуд ва ба финал баромад. Воқеъан, Ҷаҳон Қурбонов дар Олимпиадаи Пекин дар аввалин рақобати худ бар қаҳрамони ҷаҳон Аббос Атоев бо ҳисоби 11:3 ғолиб омада буд.

Муштзани дигари тоҷик Анвар Юнусов низ дар Олимпиадаи Пекин дар риштаи бокс дар вазни то 51 кг ба сабқати чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, байни паҷ нафар беҳтаринҳо ҷойгир шуд. Ӯ, инчунин, дар Ҷоми раиси АИБА дар Тайван медали нуқра ба даст овард.

Гурзандоз Дилшод Назаров, ки аз байни варзишгарони Тоҷикистон нахустин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардида буд, дар Бозиҳои олимпӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт ва байни 11 гурзандози беҳтарини ҷаҳон мавқеъ гирифт. Ӯ инчунин соли 2008 дар якчанд мусобиқоти байнулмилалӣ пирӯзӣ ба даст овардааст.

Вале дар Олимпиадаи Пекин, иброз дошт Баҳруллоҳ Раҷабалиев, варзишгарони кишвар дар риштаҳои камонварӣ, тирандозӣ, вазнабардорӣ ва шиноварӣ натиҷаҳои хуб ба даст наоварданд.

Шаҳло Муҳаммадраҳимова, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба таэквон-до ITF дар сабқати занон дар вазни то 45 килограмм соҳиби медали тилло гардид, ду сол паиҳам байни занони варзишгари кишвар беҳтарин эътироф мешавад.

Инчунин ба қатори беҳтарин варзишгарони сол Толеъ Холназаров - барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ дар вазни 110 кг бо натиҷаи умумии 950 кг дар сеҳарбаи қудратӣ, Набимуҳаммад Хоркашев – барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии самбо дар вазни то 100 кг, Акмал Қодиров - қаҳрамони Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ байни варзишгарони маълул дар вазни беш аз 90 кг ва Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ва беҳтарин бозигари ин мусобиқот дохил шуданд.

Соли 2008, ҳамчунин, Шералӣ Бозоров ва Неъматулло Асронқулов (дзюдо), Шералӣ Достиев (бокс), Далер Тӯраев, Далер Сайфиддинов ва Заррина Икромова (таэквон-до ITF), Акмолиддин Каримов ва Пӯлодҷон Солеҳов(самбо), Искандар Неъматов (гуштии камарбандӣ), Нӯъмон Ризоев (гуштии юнониву румӣ), Галина Митяева (гурзандозӣ), Бадриддин Умедов (каратэ-до), Илҳом Маллаев ва Азамат Умарзода (кикбоксинг), Шавкат Дадабоев (карате-кёкушинкай), Сиёвуш Шарифов (ҷанги тан ба тан), Бахтиёр Саъдуллоев ва Аҳмадҷони Муҳаммад (теннис), Соҳиб Ҷӯраев ва Икром Илҳомзода (шоҳмот), Екатерина Ишенко (тенниси рӯи миз) натиҷаҳои баланд ба даст оварданд.

Бад-ин тартиб соли 2008 ба таърихи варзиши тоҷик ҳамчун соли дастовардҳо ворид шуд. Вале ба назари коршиносону мутахассисони соҳа барои баландшавии маҳорати варзишгарони тоҷик ва ширкати бомуваффақияти онҳо дар мусобиқоти байнулмилалӣ бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар кишвар зарур аст. Инчунин дар варзиши тоҷик ҳанӯз мушкилоти зиёд, аз ҷумла камбуди маблағ, нарасидани иншоотҳои замонавӣ, таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳа ҷой доранд.

XS
SM
MD
LG