Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи Авамӣ дар интихоботи Бангладеш пирӯз шуд


Дар интихоботи ахири парлумонӣ дар Бангладеш Лигаи Авамӣ таҳти раҳбари сарвазири пешини кишвар Шайх Ҳасина Вазед пирӯз шудааст. Тибқи натоиҷи пешакӣ, ҳизби хонум Шаӣх Ҳасина аз се ду ҳиссаи ҷойҳо дар парлумони дорои 300 курсиро соҳиб хоҳад шуд. Рақиби аслии Лигаи Авамӣ - Ҳизби миллии дигар сарвазири пешини Багладеш Холида Зиё фақат ба дарёфти тақрибан 30 мандат муваффақ шудаасту халос.
Гуфта мешавад, баъди ду соли ҳукмронии низомиён сиёсатмадороне сари қудрат омаданд, ки мехоҳанд дар Багладеш демократияро эҳё кунанд. Дар ин кишвари воқеъ дар Осиёи Ҷанубӣ беш аз 140 миллион нафар ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG