Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо роҳҳои хатми низоъи Ховари Миёнаро меҷӯяд


Вазирони умури хориҷаи 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар як нишасти оҷил дар Порис вазъ дар навори Ғазаро баррасӣ хоҳанд кард. Вазорати умури хориҷаи Фаронса изҳор намуд, ки ширкаткунандагон барои пайдо кардани роҳҳои берун рафтан аз бӯҳрони феълӣ дар Ховари Миёна бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо ва СММ талош хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки вазирони хориҷа мавзӯъи интиқоли кумаки башарӣ ба мардуми навори Ғазаро низ матраҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG