Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил бар зидди Ҳамос машғули ҷанг аст


Эҳуд Борак-вазири дифоъи Исроил мегуяд, кишвараш дар Борикаи Ғазза машғули ҷанги ҳамаҷониба бар зидди Ҳамос аст. Ин тавзеҳоти вазири дифоъи Исроил дар дар порламон дар ҳоле садо дод, ки нируҳои ҳавоии ин кишвар барои севвумин руз мавозеъи Ҳамосро бомбборон карданд, то Ҳамос тавони ҳамлаҳои дубораи мушакӣ бар Исроилро аз даст диҳад. Эҳуд Борак гуфт:

"Мо террористҳоро ҷустуҷу мекунем ва хеле эҳтиёт мекунем, ки мардуми осоишта зарар набинанд, бо вуҷуди он ки бисёре аз аъзои Ҳамос ва террористҳо аз созмонҳои дигар дар миёни мардум паноҳ мебаранд ва аз он ҷо ҳамла мекунанд".

Мақомоти расмии Фаластин мегуянд, аз вақти оғози ҳамлаҳо беш аз 300 нафар кушта шудаанд. СММ мегуяд, дар миёни ин кушташудагон дастикам 51 нафар аҳолии осоишта низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG