Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мисс Душанбе" Нигина Назарова


Дар Душанбе сабқати зебосанамҳо бо исми “Мисс Душанбе” ё “Маликаи Душанбе” доир шуд. Дар ин сабқат Нигина Назарова, донишҷӯи 20-солаи риштаи қарзу молиёти Донишгоҳи славянӣ ғолиб омад ва унвони фохираи “Маликаи Душанбе”-ро соҳиб шуд.

-Ман, Нигина Назарова, ғолиби озмуни “Мисс Душанбе-2008” ҳастам ва барои ҳамаи Шумо салом мегӯям. Дар бораи ин озмун эълони зиёд буд ва ман хостам нерӯи худро санҷам, ки оё метавонам бо одамон муносибати хуб дошта бошам ва оё ҷасорати ман кофист, то пеши ҷамъияти зиёд суханронӣ кунам. Ҳамин тавр, нерӯи эҷодии худро санҷидаму тамом.

-Пас, то куҷо аз "санҷиш”-и худ қаноатманд шудед?

-Озмун аз чанд марҳила иборат буд ва онҳо беҳтаринҳоро интихоб мекарданд. Дар оғози озмун мо шаст довталаб будем ва дар рақсу суханронӣ, муносибат бо одамон ва зебоии зоҳирӣ “қувваозмоӣ” намудем. Дар охири озмун барои пирӯзӣ даҳ нафар боқӣ мондем, ки яке аз онҳо ман будам ва унвони "Мисс Душанбе-2008"-ро соҳиб шудам.

-Аммо дар мавриди пирӯзии Нигина Назарова баҳсҳо мухталифанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки аслан ҳаққи ширкат дар озмуни “Мисс Душанбе”-ро надоштаед, чаро? Шояд аз ин сабаб, ки зодгоҳатон дигар аст…

-Бале, ман дар шаҳри Налчик зода шудаам, ки дар ин бора баҳсҳои хеле тунд сурат гирифт. Бисёриҳо мегуфтанд, ки тоҷикдухтар нестам ва барои ширкат дар озмуни зебосанамони Душанбе низ ҳақ надорам.

Бовар кунед, ман тоҷикам, вале ҳамин гуна иттифоқ уфтодааст, ки дар шаҳри дигар таваллуд шавам. Ҳоло бист сол дорам ва дар бахши молиёту қарзи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳсил мекунам. Мехоҳам дар оянда яке аз фаъолони умури бонкӣ бошам. Бовар дорам, ки дар ин самт муваффақ мешавам.

-Як нуктаи дигар. Шумо пирӯзии худро дар чӣ мебинед: ҳусни зебо ё ба далели ин ки набераи Талбак Назаров ҳастед?

-Воқеъан ҳам набераи Талбак Назаров ҳастам. Ҳоло бисёр овозаҳо ҳам шудаанд, ки гӯиё ба ин далел ман ба пирӯзӣ дар озмуни “Мисс Душанбе-2008” даст ёфтаам. Аммо мегӯям, ки ҳич нафаре аз пайвандон ва наздикони ман барои пирӯзиям дар ин озмун кӯмак накардаанд. Ҳамчунин, ману хонаводаам ҳаргиз номи Талбак Назаровро барои реклом ё пиари худ истифода накардаем. Ҳар касе ба ин бовар надорад, беҳтар аст, ки бо чашми худ озмуни “Мисс Душанбе”-ро бубинад. Шояд баъд аз он хулосааш дигар шавад.

-Чиро бештар дӯст медоред ва ба қавле “ҳобби”-ятон чӣ аст?

-Аслан, дар вақтҳои холигиям китоб мехонам ва ин навъе аз шуғли писандидаи ман аст. Мутаассифона, ҳоло вақти холӣ надорам. Ҳамчунин, дӯст медорам, ки ҳамроҳи дӯстону наздикон бошам. Ҳоло онҳо низ аз ман шиква мекунанд, ки ба далели кори бисёр ва ҳам санҷишу имтиҳонҳо наметавонам ҳамроҳашон бошам.

-Барои нигаҳдории зебоии худ чи кор мекунед ва чи қадар вақти Шумо барои зебоӣ сарф мешавад?

-Ҳар он ороише, ки субҳ мекунам, барои як рӯз мерасад. Яъне, ки барои орову пардози худ соатҳои зиёдро масраф намекунам. Дар мавриди зебоии тан бошад, ба фитнес машғул мешавам ва ҳам мехоҳам ба ин васила сиҳҳатии худро нигоҳ дорам.

-Дар минбаъда чӣ барномаҳо доред?

-Барномаҳо барои оянда зиёданд, вале мехоҳам, мутахассиси хубе бошам, ки аз ӯҳдаи иҷрои ҳар фармону вазифа баромада тавонад. Ҳамчунин мехоҳам бо инсони хубе вохӯрам, ки дӯсту ҳамроҳи ҳаётии ман шавад. Мехоҳам ин нафар ҳатман маро дӯст дорад, фаҳмад ва пуштибонӣ кунад. Инчунин, кӯдаконро мехоҳам, ки ҳамеша боъис ба хушҳолии волидон мешаванд.

-Нигина, оё намехоҳед ва ё нақша ҳам надоред, ки дар озмунҳои дигари зебосанамон ширкат кунед?

-Агар як чунин пешниҳод шавад, албатта, онро бо наздиконам дар миён мегузорам ва агар онҳо пуштибонӣ кунанд, ҳатман иштирок мекунам…

-…Ва Соли Нави мелодиро чи гуна истиқбол мекунед, бахусус, баъд аз пирӯзӣ?

- Маъмулан, мо Соли Нави масеҳиро дар якҷоягӣ бо наздикон ҷашн мегирем. Инчунин, ба меҳмонии мо дӯстони бисёр меоянд. Имсол низ нақша дорем, ки тибқи анъана соли навро пешвоз гирем, яъне дар хона ва ҳамроҳи дӯстон.
XS
SM
MD
LG