Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Таиланд суханрониро мавқуф гузошт


Абхисит Вечачива, сарвазири ҷадиди Таиланд зери фишори тазоҳургарон маҷбур шуд суханронии худ дар парлумонро то рӯзи сешанбе мавқуф гузорад. Садҳо ҷонибдорони сарвазири пешини кишвар Таксин Шиноватра даромадгоҳи парлумонро бастанд ва хостори истеъфои сарвазири нав шуданд. Онҳо дирӯз бо ҳамин талаб, яъне истефои сарвазир, дар маркази Бангкок гирдиҳамоӣ доир карда буданд. Қабл аз пазируфта шудани Вечачива дар мақоми сарвазир тайи шаш моҳ дар Таиланд намоишҳои зиддиҳукуматии мухолифони Шинаватра идома дошт.

XS
SM
MD
LG