Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табобати "но"-ройгон


Ҳар як шаҳрванд барои муолиҷаи бемории худ дар бемористонҳои марказии водии Вахш ба ҳисоби миёна болиғ аз 733 сомонӣ, муодили 215 доллари амрикоӣ, масраф мекунад, сарфи назар аз он ки ин дармонгоҳҳо муассисаҳои давлатии тиббӣ ҳастанд.

Чунин аст хулосаи тадқиқоте, ки ахиран аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Рушд» анҷом дода шудааст. Тадқиқот «Оид ба вазъи беҳдошт ва муассисаҳои табобатии водии Вахш» ҳамчунин ҳокӣ аз он аст, ки мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ барои таъмини дорувор ба ҳар як бистарии бемористон тақрибан 50 дирам, ё баробар ба 14 сенти амрикоӣ, ва барои ғизои ҳар як бемори бемористон ба ҳисоби миёна 80 дирам ихтисос медодаанд.

Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд», мегўяд, дар кулли бемористонҳои давлатии шаҳрҳои Қўрғонтеппаю Сарбанд, навоҳии Бохтару Вахш, ки тадқиқоти мазкур фаро гирифтааст, хидматрасонии тиббӣ дар маҷмўъ ройгон набудааст. Ба гуфтаи Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд», маблағе, ки мизоҷон дар бемористонҳои давлатӣ сарф мекунанд, қариб ба хидматрасонии дармонгоҳҳои хусусӣ баробар аст. Ҳамчунин, тадқиқот маълум кардааст, ки вазъи бисёре аз бемористонҳо хуб нест, зеро тайи чанд сол таъмири капиталӣ надидаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи Ю Маҳмадов, духтурон дар беморхонаҳои давлатӣ имрўз ба ҳисоби миёна 109 сомонӣ маош доранд ва танҳо барои роҳкиро моҳона ҳудуди 104 сомонӣ сарф мекунанд ва танҳо 5 сомонӣ барои хароҷоти рўзгор дар дасташон мемонад.

Аммо мақомоти расмӣ вуҷуди мавориди маблағситонии пизишкон аз мизоҷонро инкор мекунанд. Масалан, Нусратулло Амиров, сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Хатлон, мегўяд, далел надорад, ки пизишкон аз мизоҷони худ маблағ талаб карда бошанд. Ў мегўяд: «Масалан, ба қарибӣ набераамро бемористон хобондам, ҳама корам ба «раҳмат» иҷро шуд, касе аз ман пул талаб накард. Ин ки ҳама табибон пул мегиранд, асос надорад, шояд мизоҷе, ки сарватманд аст, ба онҳо ҳадяе диҳад, аммо ин ҷиноят нест. Аз ҷониби дигар, чаро агар худи одамон ба саломатиашон бетафовут бошанд, аз сироятёбӣ ба бемориҳои гуногун эҳтиёт накунанд, давлат онҳоро ройгон муолиҷа кунад?!»

Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ, ки корафтодаи бемористонҳо гардидаанд, иқрор мекунанд, ки дар баробари муроҷиати онҳо ба чунин муассисот пизишкон нахуст маблағи муолиҷаро талаб мекунанд, аммо бар ивази он ҳеҷ гуна ҳуҷҷати пардохти ҳаққи табобат (квитансия) намедиҳанд. Роҳила, як сокини ноҳияи Вахш, мегўяд: «Ҳоло ҳама кор ба пул иҷро мешавад. Ҳатто духтурони занона ҳам то 5 сомонӣ барояшон надиҳем, моро нигоҳ намекунанд. Чанде пеш хоҳарамро бо гумони домана ба беморхонаи Қарияи боло бурдем, аввал аз мо 5 сомонӣ талаб карданд, барои пур кардани варақаи таърихи беморӣ ва баъд 150 сомонӣ барои табобат додем. Доруҳояшро бошад, аз дорухонаҳо харидем, беморхона надоштааст. Ин ҳама ба ғайр аз «ҳаққи хидмат»-и ҳамшираҳои шафқату ҳатто фаррошон ва пули кати хоб…»

Дар водии Вахш шумори дармонгоҳҳои ғайридавлатӣ чандон зиёд нест. Аммо ҳамоно ҳаққи хидмати чунин муассисаҳо низ на ҳама мизоҷонро қонеъ месозад, зеро нархномаи таъиншуда ба имкониятҳои пардохти онҳо мувофиқ нест.

Вале фарқи дармонгоҳҳои хусусӣ аз давлатӣ дар он аст, ки чунин муасисаҳо ба буҷаи давлат маблағ ворид месозанд, яъне андоз, аммо пуле, ки мизоҷон дар бемористонҳои давлатӣ сарф мекунанд, ба иддаои муҳаққиқони тадқиқоти созмони ҷамъиятии «Рушд», асосан ба кисаи пизишкон ва раҳбарони муассисаҳои тиббӣ меравад.

Дар баробари ин, Қонуни асосии Тоҷикистон ҳарчанд табобати ройгони тиббиро дар чаҳорчўби муқарраркардаи қонун кафолат медиҳад, дар ҳеҷ қонуни соҳавӣ ё санади ҳуқуқӣ гуфта нашудааст, ки мушаххасан кадом навъи бемориҳо дар дармонгоҳҳои кишвар бояд ройгон муолиҷа шаванд.

Зимнан, тадқиқоти анҷомдодаи созмони «Рушд» ба чунин натиҷа расидааст, ки дар водии Вахш шаҳрвандон ҳатто барои таваллуди кўдак дар зоишгоҳ ба ҳисоби миёна 100 сомонӣ, агар бо ҷарроҳӣ таваллуд шавад, то 500 сомонӣ, бояд пардохт кунанд. Ҳамчунин, барои ҷарроҳии санги гурда ва талхадон то 700 сомонӣ, кўррўда 450 ва ҷоғар 300 сомонӣ талаб мешудааст.
XS
SM
MD
LG