Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2008: оғози бӯҳронӣ ва анҷоми бӯҳронӣ


Соли 2008 дар минтақаи шимолии Тоҷикистон бо буҳрони бесобиқаи камбуди барқ ва камобӣ оғоз ёфта буд ва инак, дар пайи буҳрони молии ҷаҳонӣ бо қатъи фаъолияти теъдоде аз корхонаҳои муҳими саноатӣ, афзудани сафи бекорон ва вомҳои кишоварзон ба анҷом мерасад.

Роҳи оҳани Ҷануб – Шимол аз канори Искандаркӯл !?
Бозсохт ва таъмири роҳи нақлиётии Душанбе – Хуҷанд - Мастчоҳ, ягона масири иртиботии мустақим миёни қисматҳои шимол ва ҷануби Тоҷикистон, аз муҳимтарин дастовардҳои сол хонда мешавад. Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд гуфт, қисмати умдаи ин барнома, ки дар авосити соли 2006, бо 300 миллион доллар сармояи Чин сар шуда буд, ба охир расида, анҷоми пурраи он дар соли ояндаи 2009 дар назар аст.

Дар тирамоҳи соли 2008 ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои бори аввал дар таърихи кишвар як тарҳи кашидани хати роҳи оҳани Ҳисор – Хуҷанд аз тариқи гарданаи Анзоб, бо убури фарозу нишебиҳои 3 километрро ба умеди ҷалби сармояи хориҷӣ таҳия кард. Ин тарҳ дар назари аввал фантастикӣ менамояд, вале мутахассисин ва коршиносон ба татбиқи он бовар доранд, танҳо ба шарти дарёфти сармояи бузург.

Алоқамандии ИМА ба бунёди НОБ дар Яғноб
Дар моҳи августи соли 2008 сафорати ИМА дар Душанбе гуфт, Оҷонси тиҷорат ва рушди Амрико тасмим гирифтааст, то ҷиҳати таҳияи асноди молӣ ва фаннии истихроҷи ангишт аз кони Яғноб дар шимоли Тоҷикистон ва шароити бунёди нерӯгоҳии обии барқ дар ин маҳал ба маблағи беш аз 850 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Ин дуввумин тарҳи бузурги эҳдоси нерӯгоҳҳои обии барқ дар рӯдхонаи Зарафшон аст, ки ҷиҳати раҳоии Тоҷикистон аз қайди буҳрони энергетикӣ ба миён гузошта мешавад.

Баҳсҳои истифода аз захоири уран
Ин баҳсро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба миён гузошт: вай ҳукумат ва мутахассисини кишварро ба хотири раҳидан аз қайди қашшоқиву буҳрони энергетикӣ ба баҳрабардорӣ аз захираҳои уран даъват кард. Ӯ гуфт, аз рӯи маълумоти пешакӣ, аз 13 то 14 дар сади урани ҷаҳон гӯё дар ҳудуди Тоҷикистон аст.

Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиоактивии Тоҷикистон дарзамон эълон дошт, ки ба таҳияи барномаи баҳрабардорӣ аз захираҳои уран шурӯъ кардааст. Вале масъулини корхонаи «Востокредмет» ва таҳлилгарони масоили иқтисодӣ иҷрои ин барномаро бе ҷалби сармояҳои ҳангуфт номумкин хонданд.


Саноат ва таъсири буҳронҳо

Буҳронҳои норасоии барқ ва молии ҷаҳонӣ дар авоил ва авохири соли 2008 ба домани бузургтарин корхонаҳои саноатии Суғд чанг зад: дар оғози соли равон норасоии шадиди барқ иқтидори тавлидотии корхонаҳоро коҳиш дод ва дар семоҳаи охири сол буҳрони молӣ фаъолияти иддае аз корхонаҳои бузургро комилан фалаҷ сохт. Бар пояи маълумоти расмӣ, дар ҳоли кунунӣ бархе аз корхонаҳои саноатии бузург дар шимоли Тоҷикистон , аз ҷумла, корхонаи маъдани Адрасмон, Табошар ва корхонаи «Фулузоти нодири Хуҷанд» дар пайи поин рафтани арзиши маводи тавлидотии худ комилан фаъолияти худро қатъ карда, садҳо коргарони худро бекор гузоштанд.

Минтақаи бози иқтисодӣ
Дар моҳи октябр Маҷлиси намояндагон Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодиро ба тасвиб расонд, ки аз ҷумла таъсиси чунин минтақаро дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ мекунад.

Мақомот мегӯяд, дар ин минтақаи дорои имтиёз ва шароитҳои хос соҳибкорони ватанӣ бо роҳи воридоти технология ва фанновариҳои муосир ба коркарди ашёи маҳаллӣ машғул хоҳанд буд. Вале сокинон ва бархе аз коршиносон бар онанд, ки дар он минтақа гурӯҳе аз соҳибкорони маҳаллӣ савдои умда ва чаканаи ашёи воридотиро ба роҳ хоҳанд монд.

Вомҳои афзояндаи кишоварзон
Хушксолӣ ва сари вақт ба кор надаровардани насосҳои обкаш ҳосили пахтаро ба таври бесобиқа поин бурд – ҳудуди 85 ҳазор тон аз 73 ҳазор гектар. Бар пояи маълумоти расмии мақомоти Суғд, имсол 35 ҳазор гектар кишти ғалла бар асари беобӣ талаф шуда, дар 13 гектар замини обӣ умуман пахта насабзидааст.

Ва натиҷааш - идораи кишоварзӣ мегӯяд, ки деҳқонон ба бозгардони маблағи воми имсолаи худ ба бонкҳо – ҳудуди 50 миллион сомонӣ, тақрибан 15 миллион доллари ИМ қодир нестанд ва тамдиди муҳлати онро аз давлат тақозо доранд. Зиёда аз ин кишоварзони Суғд ҳанӯз худро аз зери вомҳои солҳои пеш - 90 миллион доллари амрикоӣ раҳо накардаанд.


Маблағи сабади истеъмолӣ ва дастархони солинавӣ

Арзиши сабади истеъмолӣ дар соли 2008 аз ҷониби Кумитаи омори Суғд 135 сомонӣ муайян гашт. Тақрибан баробари маоши миёнаи сокинон, ки 130 сомониро ташкил медиҳад. Дар аввали сол бо ин маблағ ба сабаби болоравии нархи маводи аслии ғизоӣ дар бозор як халта орди навъи якум харидан мумкин буд. Вале дар арафаи соли нав арзиши орд, дар баробари дигар маҳсулоти аслии ғизоӣ то 80 сомонӣ ба як халта паст рафт. Акнун ба маблағи сабади истеъмолии як нафар барои як моҳ аъзои як хонавода метавонанд дастархони солинавӣ ороста, соли нави 2009 – и Говро бо орзуву ниятҳои нек истиқбол кунанд.
XS
SM
MD
LG