Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ирон ба Ғазаи Фаластин кумак мефиристад

Телвизюни Ирон хабар додааст, ки Ҳилоли Аҳмари ин кишвар бо ҳавопаймоҳои борбар ба Миср 50 тон кумак фиристодааст, то ин кумакҳо ба Ғазаи Фаластин интиқол дода шуванд. Ҳилоли Аҳмари Ирон дар сомонаи интернетии худ навиштааст, ин кумакҳо аз хурокӣ ва соири мавод иборат аст. Қабл аз ин Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх ҳушдор дод, ки дар натиҷаи афзоиши шумораи қурбониён дар Ғаза бемористонҳои минтақа зери фишори шадид қарор доранд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Куриёи Шимолӣ як мушаки дурпарвозро санҷиш кардааст

Мақомоти Куриёи Шимолӣ гуфтанд, як озмоиши муҳими мушакҳои дурпарвозро анҷом доданд.

Пеш аз ин мақомҳои амрикоӣ гуфта буданд, Куриёи Шимолӣ ниме аз маҳаллеро, ки мушак ба тозагӣ аз онҷо партоб шуд, дар натиҷаи гуфтугӯҳо бо ҳадафи ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Куриё вайрон намудааст.

Пхенян рӯзи 8-уми декабр эълом кард, озмоиши навро пас аз он анҷом дод, ки як мақоми Куриёи Шимолӣ гуфтааст: "дар музокирот бо Иёлоти Муттаҳида ғайриҳастаӣ кардани нимҷазираи Куриё шомил нест.”

Мақомҳои Куриёи Ҷанубӣ аз ибрози назар дар мавриди озмоиши нави мушаки Куриёи Шимолӣ худдорӣ кардаанд.

Президенти “Озодӣ”: Аз таъқиби хабарнигорон нигарон ҳастем

Ҷеми Флай

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз маҳдудияти дар ҳоли афзоиш дар баробари дастрасии хабарнигорони байналмилалӣ ба шунаванддагон дар Эрон изҳори нигаронӣ кард.

Ҷеми Флай рӯзи шанбе дар мусоҳибае бо Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ гуфт: "Мо аз таъқиби хабарнигоронамон дар Радиои Фардо сахт нигарон ҳастем. Ҳамкорони мо аз бахши форсии Садои Амрико, Би-би-сӣ ва Мавҷи Олмон низ бо ин вазъ рӯ ба рӯянд."

Изҳороти президенти Радиои Озодӣ дар пайи эътирозҳои густардаи хушунатомез дар Эрон сурат гирифт. Эътирозҳо дар сартосари Эрон баъд аз тасмими Теҳрон дар бораи афзоиши қимати сӯзишворӣ оғоз шуд.

Дар натиҷа Ҷумҳурии Исломӣ чанд рӯз дастрасӣ ба шабакаи интернетро қатъ кард.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон тазоҳуроти ахир дар он кишварро танзимшуда аз хориҷ номид.

Ҳендке барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд

Петер Ҳендке

Петер Ҳендке, нависандаи австриягӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (соли 2019) шинохта шуд. Вай рӯзи 7-уми декабр дар Академияи Нобел дар шаҳри Стокҳолм суханронӣ кард, аммо дар мавриди изҳороти ҷанҷолиаш чизе нагуфт. Ҳендке пештар Слобадан Милошич, раиси ҷумҳури Югословаияи собиқро ситоиш карда буд, ки хашми сокинони ҳавзаи Балканро ба бор овард. Қарор аст, ҷоизаи Нобел барои Петер Ҳендке рӯзи сешанбеи 10-уми декабр тақдим шавад.

Гуруҳи “Алфа” ба шикори гургон ба Бадахшон рафтааст?

Дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои шикори гургҳо як гуруҳи вижа таъсис додаанд. Мақомоти вилоят рӯзи 8-уми декабр расман гуфтанд, ки ин гуруҳ аз нирӯҳои зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иборат аст. Ба иттилои мақомот, хатари ҳамлаи гургон дар чанд ҷамоати ноҳияи Шуғнон, Роштқалъа ва ноҳияи Рӯшон вуҷуд дорад. “Гурӯҳи мазкур бо лавозимоти муосири шикорӣ таъмин буда, вазифаи асосии онҳо нобуд сохтани гургон дар деҳаҳои вилоят аст”, -- гуфтанд дар ҳукумати вилоят. Соли гузашта дар фасли зимистон бар асари ҳамлаи гургҳо дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон ду нафар ҷони худро аз даст дода буданд. Сокинон гуфтанд, гургон ҳамчунин ҳайвонҳои хонагии онҳоро мекушанд. Вале мардуми маҳаллӣ ҳамвора аз ҳузури бештари низомиён дар ин минтақаи мухтор нигарон будаанд.

Ду сарвазири собиқи Қирғизистон зиндонӣ шуданд

Додгоҳи Бишкек ду сарвазири собиқи Қирғизистонро бо иттиҳоми фасодкорӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Сафар Исҳоқов, сарвазири собиқ бо мусодираи молу мулк ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Бар асоси ҳукми додгоҳ ӯ аз рутбаи дипломатӣ ва аз ордени «Манас» дараҷаи ду маҳрум шуд.

Жанторо Сотиболдиев, сарвазири дигари собиқ бо мусодираи молу мулк ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба ҷуз ин, дар доираи ин парванда Олга Лаврова, вазири собиқи молия ва Осмонбек Ортиқбоев, вазири собиқи энергетика ҷарима шуданд. Инчунин, чандин мансабдорони баландпоя ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд.

Ҳамаи онҳо барои фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек гунаҳкор шуданд.

Баъди садамаи 26 январи соли 2018 дар маркази гармидиҳии Бишкек нисбати мансабдорони собиқ ва кунунӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Яке аз ин парвандаҳо марбут ба фасодкорӣ ҳангоми интихоби ширкати кироякор буд. Тафтишот гуфта буд, ки шахсони масъул аз манфиатҳои ширкати TBEA ҷонибдорӣ кардаанд.

Бозсозии ин марказ бо 386 миллион қарзи Чин ба роҳ монда шуда буд. Дар доираи ин парванда ҳамчунин Алмосбек Отамбоев, президенти собиқи Қирғизистон низ муттаҳам дониста мешавад.

Трамп аз Бонки Ҷаҳонӣ хост, ки ба Чин қарз надиҳад

Доналд Трамп, президенти ИМА аз Бонки Ҷаҳонӣ хостааст, ки ба Чин қарз надиҳад.

Як рӯз пеш аз хости Трамп Бонки Ҷаҳонӣ тарҳи қарздиҳӣ ба Пекинро тасвиб кард.

Трамп рӯзи ҷумъа дар саҳифаи Твиттери худ навишт: “Чаро Бонки Ҷаҳонӣ ба Чин қарз медиҳад? Ин мумкин аст? Чин пули фаровон дорад ва агар надорад, онҳо (пул) месозанд. Бас кунед!”

Бонки Ҷаҳонӣ 5-уми декабр тарҳеро тасвиб кард, ки бар асоси он солона аз як миллиард то якуним миллиард доллар бо фоизи паст ба Чин қарз медиҳад.

Ин Бонк гуфтааст, додани қарз ба Чин ба пешрафти ислоҳоти молӣ ва коҳиши олудагии ҳаво кӯмак мекунад.

ИМА бузургтарин саҳмдори Бонки Ҷаҳонӣ аст, аммо дар заминаи қарздиҳӣ ба кишварҳои мушаххас салоҳияти вето надорад.

Олмон нисбат ба ду афсари Русия парванда боз кард

Russia - Two men identified as Aleksandr Petrov and Ruslan Boshirov appeared on Russia Today (RT) to discuss charges in Britain that they were involved in Novichok poisoning - screen grab

Дар Олмон нисбат ба кормандони эҳтимолии ГРУ ё Раёсати марказии истихбороти Русия, ки дар Бритониё барои заҳролуд намудани ҷосуси дуҷониба, Сергей Скрипал ва духтараш дар Солсбери муттаҳам мешаванд, тафтиш ҷараён дорад.

Дар ин бора “Der Spiegel” хабар дод.

Ба навиштаи нашрия, таҳқиқро бо номи рамзии “Нови” Додситонии кулли Олмон ва пулиси ҷиноии ин кишвар пеш мебаранд.

Парванда нисбат ба шаҳрвандони Русия бо номи Руслан Боширов ва Александр Петров, ки дар заҳролуд намудани Скрипалҳо гумонбаранд, боз шудааст. Онҳо соли 2014 се рӯз дар Фарнкфурт-на-Майнеи Олмон будаанд.

Ба ҷуз ин, рӯзноманигорони “Spiegel” ва гурӯҳи таҳқиқгарони “Bellingcat” мегӯянд, миёни “Боширов” ва “Петрова” бо генерале, ки раҳбари онҳо дониста мешавад, аз Олмон тамос вуҷуд дошт. Манзур генерал-майор Андрей Аверянов ҳаст, ки қаблан дар борааш расонаҳо навишта буданд.

“Spiegel” ба таҳқиқи куштори Зелимхон Хангошвилӣ, ки тобистони имсол дар Берлин кушта шуд, ишора мекунад.

Зелимхон Хангошвилӣ аз соли 1999 то 2002 дар Ҷанги дуюми Чеченистон ба зидди нирӯҳои давлатии Русия зери фармондеҳии Шамил Басаев ҷангида, эҳтимолан бо Аслан Масхадов ҳам робита дошт. Масхадов ба таври кӯтоҳмуддат дар мақоми президенти Чеченистон кор кардааст.

Дар гузориши рӯзи 3-юми декабри гурӯҳи Bellingcat иддао мешавад, ки шахси гумонбар ба Берлин бо номи мустаори Соколов сафар кардааст. Дар ҳоле ки номи асосии ӯ Вадим Красиков аст ва ӯ 54 сол дорад.

Bellingcat навиштааст, "Красиков моҳи июни соли 2013 дар қазияи куштори як зани соҳибкори рус гумонбари асосӣ буд". Ин зан пеш аз мурданаш чанд дафъа мавриди сӯиқасд қарор гирифта буд."

Bellingcat навишт, "куштор дар Маскав аз чанд ҷиҳат бо шеваи куштор дар Берлин монанд аст: қотил ба ҳадафаш бо дучарха наздик шуд ва ба сӯи ӯ аз фосилаи наздик аз туфангча тир холӣ кард. Ҳарду дафъа тир аз пушти сари қурбонӣ расидааст ва баъди ин бо ҳамин дучархааш аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст”.

Бино ба гуфтаи гурӯҳи таҳқиқотӣ, Красиков дар Қазоқистон бузург шуда, баъдан ба Сибир кӯчидааст.
Таҳқиқоти ҷудогонаи Bellingcat иддао кардааст, ки талоши куштори Скрипал ва духтарашро аз роҳи заҳролудсозӣ се афсари ГРУ ташкил кардаанд. Аз ин се мард ду нафараш дар ҷустуҷӯи ҷиноии мақомоти Бритониё қарор доранд. Скрипал ва духтараш баъди заҳролудшавӣ дар шаҳри Салисбурии Бритониё аз марг наҷот ёфтанд, вале зани дигаре, ки тасодуфан бо осори маводи заҳролудшуда дар тамос шуда, ҳеч рабте ба Русия надорад, даргузашт.

Таҷрибаомӯз аз Саудӣ се низомии амрикоиро кушт

Мақомот мегӯянд, нафаре, ки бо зарби тир се низомии амрикоиро дар пойгоҳи Пенсаколаи аёлати Флоридаи ИМА кушт, таҷрибаомӯзи ҳарбӣ аз Арабистони Саудӣ буд.

Гумонбаршуда дар як пойгоҳи баҳрии Амрико тамрин мекард. Ӯ пас аз ҳамла ба ҳамкасбони худ дар дохили бинои омӯзишӣ кушта шуд.

Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, дар натиҷаи ҳамла ҳашт нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Гумонбар ба ин ҷиноят аз тапонча тир паррондааст.

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки Салмон, шоҳи Саудӣ занг зада, ба ӯ ва хонаводаҳои қурбониён ҳамдардӣ баён кард.

Трамп дар Твиттери худ навишт, ки шоҳи ба ӯ гуфтааст, ки ки мардуми Арабистони Саудӣ аз ин амали ваҳшиёна дар ғазаб ҳастанд ва онро маҳкум мекунанд.

Ин дуюмин ҳодисаи тирпарронӣ дар пойгоҳҳои низомии ИМА дар чанд рӯзи охир аст.

Чанде пеш низомиёни баҳрии Амрико дар пойгоҳи Пёр-Харбор ду коргарро куштанд.

Бар асоси иттилои расмӣ дар Пенсаколе 16 ҳазор низомӣ хизмат мекунанд.

Кишварҳои аврупоӣ дар Бадахшон нирӯгоҳи "Себзор"-ро месозанд

Кишварҳои аврупоӣ тасмим гирифтаанд, ба сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон беш аз 41 миллион евро диҳад. Қарордод дар ин бора рӯзи 4-уми декабр имзо шудааст.

Ин маблағ кумаки бебозгашт буда, дар оянда қисме аз нерӯи барқи тавлидшуда дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба деҳаҳои ҳаммарзи Афғонистон интиқол дода мешавад.

Дар маросими имзои ин санад сафирони баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва коршиносон иштирок кардаанд.

Мерилен Йозефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, пули сохтмони нерӯгоҳро ҳукумати Олмон, Швейтсария ва худи Иттиҳодияи Аврупо медиҳанд. Андреас Шнейдер, роҳбари намояндагии Бонки Рушди Олмон дар Тоҷикистон гуфт, “тасмими сармоягузории ин тарҳ дар пайи муроҷиатҳои пайдарпайи ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифт. Нахуст, ин тарҳ барои тақвияти тавлиди энергетикаи сабз мусоидат мекунад. Дувум, нерӯгоҳ дар минтақае бунёд мешавад, ки сокинонаш дар ҳолати фақр қарор дорад ва умедворем иҷрои ин тарҳ ба беҳбуди вазъи зиндагии ин сокинон мусоидат мекунад”.

Ҳарчанд, мақомоти Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон, ки дар ин маросим ширкат доштанд, аз изҳори назар дар бораи тавофуқи сармоягузории сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” худдорӣ намуданд.

Нерӯгоҳи “Себзор” дар фарози рӯдхонаи “Шохдара” бо иқтидори 11 мегаватт сохта мешавад.

Аломатҳои созиши ОПЕК барои коҳиши истеҳсол ва афзоиши нархи нафт

Ҷаласаи вазирони кишварҳои узви ОПЕК дар қароргоҳи ин созмон дар Вена ҷараён мегирад

Ҷаласаи ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) бо як созиши эҳтимолан ғайрирасмӣ барои коҳиш додани ҳаҷми истеҳсоли нафт ва боло бурдани нарх дар пасманзари афзоиши захираҳо ва коҳиши иқтисоди ҷаҳонӣ ба анҷом расид. Интизор меравад, ки рӯзи ҷумъа, 6 декабр музокироти кишварҳо дар Вена идома меёбад. Дар охири соли гузашта кишварҳои узви ОПЕК ба мувофиқа омаданд, ки сатҳи истеҳсоли нафт дар ҷаҳонро рӯзона то 1,2 миллион бушка мерасонанд. Ин созиш, ки моҳи декабри соли гузашта ба даст омада буд, дар нишасти июли имсол ҳам бори дигар тасдиқ шуд.

Вазири нафти Эрон Бижан Номдор Зангане шоми 5 декабр ҳангоми тарки толори маҷлис гуфт, “бале, мо ба созиш расидем”. Вале вазири энержии Саудӣ Абдулазиз бин Салмон гуфт, ки созиши ниҳоӣ бояд бо ширкати 10 кишвари дигар дар ҳайати ба истилоҳ ОПЕК+ ҳосил шавад, ки қарор аст дар ҷараёни он 6 декабр, мақомоти Русия ҳам иштирок кунанд.

Дар паи ҷаласаи ахири ОПЕК нархи нафт тақрибан бетағйир мондааст. Як бушка нафти навъи Brent дар атрофи 60 доллар фурӯхта мешавад. Барои Русия ин нарх созгор аст, чунки буҷаи соли 2019-и ин кишвар бо назардошти 42 доллар барои ҳар бушка нафт танзим шудааст. Вале кишварҳои дигари мисли Арабистони Саудӣ ба хотири беҳтар кардани иқтисодашон ба нархи баландтар ниёз доранд.

Гузориш: Шабакаҳои иҷтимоӣ пеши роҳи дасткориҳои иттилоотиро гирифта натавонистанд

Як гузориши марбут ба паймони низомии НАТО мегӯяд, ки шабакаҳои азими иҷтимоӣ дар амри мубориза бо дасткорӣ ё манипулятсия шудани иттилоот ноком гардиданд. Муҳаққиқони Маркази муколамаҳои стратегии НАТО дар як гузориши рӯзи 6 декабр мегӯянд, ки дасткориҳои иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба як ҷабҳаи дигари ихтилофҳои миёни онҳое табдил шудааст, ки мехоҳанд ба интихобот таъсиргузор бошанд, афкори ҷомеаро ба ҳам зананд ва ҷомеаро аз баҳсҳои машрӯи сиёсӣ дар канор нигоҳ доранд.

Гузориш дар ҳоле нашр шуд, мақомоти Бритониё ва ИМА дар қатори дигарҳо, ба интихобот омода мешаванд ва дар фикри ин ҳастанд, ки чӣ гуна аз такрори дасткорӣ шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ваё мавриди истифодаи фабрикаи ҷавоб, ба вижа Русия қарор гирифтани онҳо пешгирӣ кунанд. Дар соли 2016 чунин дасткориҳо дар ҷараёни интихоботи президентии ИМА ва раъйпурсӣ дар Бритониё ба хотири берун шудани кишвар аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо мушоҳида шудааст.

Муҳаққиқон мегӯянд, давоми чор моҳ бар асоси як озмоише дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, YouTube ва Twitter мавод нашр карда мушоҳида намуданд, ки оё баъди ин хадамоти дасткорӣ ваё фабрикаи ҷавоб чӣ мекунад. Онҳо мегӯянд, ки фаъолиятҳои харобкорона ва ҳам бо истифода аз ҳуввиятҳои пинҳоншуда ба фабрикаи ҷавоб имкон медиҳад, ки бисёр вақт ноаён монад ва аз ин роҳ, шонси дахолати “ғайрисолим” ба ҷараёнҳои демократӣ зиёд мешавад. Муаллифони гузориш мегӯянд, ки “бар асоси ин озмоиш ва ҳам чанд таҳқиқоти дигаре, ки давоми ду соли гузашта анҷом шудааст, мо ба ин натиҷа омадем, ки Facebook, Instagram, Twitter ва YouTube то ҳол натавонистаанд ба андозаи кофӣ бо рафтори шинохтанашаванда муқобила кунанд”.

Дар идома муаллифон мегӯянд, ки “худтанзимкунӣ натиҷа намедиҳад. “Саноати дасткорӣ” сол ба сол афзоиш меёбад. Мо намебинем, ки то куҷо ба роҳ мондани харобкориҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гаронтар ваё мушкилтар шавад”. Муҳаққиқон гуфтанд ки бар ивази на бештар аз 300 евро тавонистанд 3500 шарҳ, 25,750 лайк, 20 ҳазор бинанда ва 5100 пайрав дар ҳамаи чаҳор шабака ба даст оваранд.

Маълум шудааст, ки наздики 19 ҳазор корбар барои дастрас ё паҳн кардани маводи дасткоришуда истифода шудаанд.

Пешвои иттифоқҳои касабаи Қазоқистонро аз ҳабс озод накарданд

Дархости пешвои иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Ерлан Балтабой дар бораи озод шудан аз зиндон аз сӯи додгоҳ рад шуд.

Балтабой, ки моҳи июли соли ҷорӣ аз сӯи додгоҳ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, моҳи август дар асоси қонуни авф озод гардид. Вай аз пардохти ҷарима сарпечӣ кард ва 17 октябр дубора зиндонӣ шуд. Додгоҳ ҷаримаро ба 5 моҳи ҳабс иваз кард.

Мақомот нисбати Ерлан Балтабой дар моҳи сентябри соли 2018 бо моддаи "Аз худ кардан ва ё харҷ кардани амволи ғайр" парвандаи ҷиноӣ кушода буданд.

Чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз таъқиби Балтабой изҳори нигаронӣ ва даъват ба қатъи парвандаи ӯро карда буданд. Балтабой таъқиби нисбаташ шуруъшударо "амали рейдерӣ бо ҳадафи маҳви созмонҳои мустақили касаба" унвон карда буд.

"Ман бовар дорам, ки парванда нисбати ман бо ташаббуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз шудааст ва ҳадафаш канор задани ман аз фаъолият дар иттифоқи касаба аст",-гуфт Балтабой.

Бархӯрди пулис бо эътирозгарон дар Фаронса

Пулиси Фаронса барои пароканда кардани эътирозгароне аз гази ашковар истифода кард, ки бо нишони эътироз аз ислоҳоти нафақа ба кӯча баромада буданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, задухӯрд дар Порис ва Нанте рух дод, ки ҳазорон сокин дар ин ду шаҳр бо шиорҳо "Макрон роҳгум задааст" ва "Нафақаи моро нарасед", эътироз доштанд. Дар пойтахти Фаронса пулис баъди он аз газ истифода кард, ки эътирозгарон мошини борбареро чаппа ва оташ доданд.

Рӯзи панҷшанбе дар саросари Фаронса эътирозҳои умумӣ сар шуд. Омӯзгорон, табибон, пулис ва кормандони додгоҳҳо ҳам ба сафи эътирозгарон пайвастанд. Дар Порис кормандони нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам корпартоӣ карданд, ки ҳамакнун 11 хати метро, мағозаҳо, бонкҳо ва тарабхонаҳо аз кор монданд.

Ислоҳоти густурдаи нафақа - яке аз ваъдаҳои интихоботии президенти Фаронса Эммануэл Макрон буд. Ислоҳот тарзи ҷудо кардани нафақаро дар бар мегирад - фаронсавиҳо ҳақ доранд дар 62-солагӣ ба нафақа бароянд, аммо барои дарёфти нафақапулӣ ба таври комил, бояд то 64-солагӣ кор кунанд. Ин син ба хотири пешгирӣ аз камомади низоми нафақа марҳила ба марҳила боло бурда мешавад.

Ҳукумат бояд то ибтидои соли 2020 ислоҳоти нафақаро ба поён расонад.

Президенти Қазоқистон барои сармоягузорони олмонӣ "шароити хос" ваъда дод

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, ки 5 декабр дар доираи як сафар вориди Олмон шуд, бо президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот кард.

Ба иттилои расонаҳо, дар мулоқот "масъалаҳои зиёди марбут ба манфиатҳои ду кишвар" баррасӣ шудааст. Тоқаевро 5 декабр садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ ба ҳузур пазируфтааст.

Президенти Қазоқистон дар нишасти хабарии муштарак гуфт, "Нурсултон омодааст, барои сармоягузорони олмонӣ шароити махсусеро муҳайё созад, ки ба нафъи ду ҷониб хоҳад буд". Вале маъмурияти президенти Қазоқистон ҷузъиёти суханҳои Тоқаевро шарҳ надодааст.

Ба огаҳии маъмурияти президент, Олмон нахустин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо аст, ки Тоқаев ба он ҳамчун президенти Қазоқистон сафари расмӣ анҷом медиҳад. Пештар хабар доданд, ки ин сафар давлатӣ хоҳад буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар арафаи сафари Тоқаев ба Берлин ёдовар шуданд, ки ваъдаҳои президенти Қазоқистон дар мавриди риояи ҳуқуқи инсон иҷроношуда боқӣ монданд.

Қирғизҳои хориҷ метавонанд, онлайн дар консулгарӣ сабти ном кунанд

Ҷараёни сабти ном шудан дар консулгариҳои Қирғизистонро барои шаҳрвандони ин кишвар осон карданд. Ин қарорро ҳукумати Қирғизистон қабул кард.

"Фароҳам овардани ин хизматрасонӣ тариқи онлайн имкон медиҳад, ки шаҳрвандон аз ҳисоби вақт сарфакорӣ кунанд",-хабар дод вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Ба ҷуз ин, дар қарори ҳукумати Қирғизистон омадааст, ки сабти ном кардан ройгон аст.

"Ин хадамот имкон медиҳад, ки шумори дақиқи ҳамватанони дар хориҷбуда муайян гардад. Ҳамчунин ин хадамот барои ташкил ва баргузории интихоботҳо дар хориҷ аз кишвар кӯмак мерасонад", - омадааст дар хабари вазорат.

Блогнависи рус Жуков ҳукми ҳабси шартӣ гирифт

6 декабр. Жуков баъди берун шудан аз додгоҳ

Додгоҳе дар Маскав Егор Жуков, блогнависи маъруфро барои “таҳрики терроризм аз роҳи интернет” ба се соли ҳабси шартӣ маҳкум кард, вале ин ҳукмро ҳамчун дорои ангезаҳои сиёсӣ маҳкум карданд. Додгоҳи ноҳияи Кунтсево қарори худро дар ҷаласаи рӯзи 6 декабр эълон кард. Барои шунидани ҳукми Жуков, як шогирди донишгоҳи бонуфузи иқтисодӣ, дар назди додгоҳ садҳо тарафдори ӯ ҷамъ шуданд. Додрас Светлана Ухналева гуфт, ки Жуков бо истифода аз интернет “даъватҳои оммавӣ ба хотири анҷоми фаъолиятҳои экстремистӣ кардааст”. Жуков моҳи август дар авҷи эътирозҳои ҷамъиятӣ алайҳи низоми саркӯбгари ҳукумат дар Маскав боздошт шуд. Жуков баъди эълони ҳукм гуфт, “бешубҳа, ин пирӯзии комил нест. Ташаккур ба ҳар нафари шумо”.

БАБР дар як сол ба Узбекистон 400 млн евро додааст

Бино ба иттилои хабаргузории Trend News, Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР) соли 2018 барои 12 лоиҳаи Узбекистон 400 миллион евро ҷудо кардааст.

Намояндаи бонк, ки дар Узбекистон охирҳои соли 2017 фаъолияти худро дубора ба роҳ монд, гуфт, ин рақам дар таърихи қарздиҳии солонаи бонк рекордӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, пулҳои мазкур ҳам ба тарҳҳои давлатӣ ва ҳам ба бахшҳои хусусӣ ҷудо карда шудааст.

"Дар соли 2019 ба маблағи 475 миллион евро қарордод баста шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 дарсад бештар мебошад. Ин созишномаҳо натиҷаи ислоҳоти анҷомдодаи ҳукумат ва қасди мо барои дастгирии Узбекистон дар раванди гузариш аст",-гуфтааст намояндаи БАБР.

Ба иттилои сомони БАБР, дар ҳоли ҳозир ин бонк дар 23 лоиҳаи Узбекистон ба маблағи 726 миллион евро сармоягузорӣ кардааст. 21 дарсади ин маблағ ба бахши хусусӣ ва 79 дарсади дигар ба лоиҳаҳои зербиноии давлатӣ равона шудааст.

Бар асоси маълумоти Бонки марказии Узбекистон, қарзи ин кишвар то ба моҳи июли соли 2019 ба 20,7 миллиард доллар расидааст, ки назар ба аввали соли равон 3,4 миллиард бештар аст.

Боздошти як сокини Душанбе ба гумони фурӯхтани тифли навзодаш

Як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе бо гумони фурӯши тифли навзодаш бо маблағи 1000 сомонӣ, боздошт шудааст.

Мақомоти Вазорати умурии дохилии Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфтааст, ин ҷавонзан рӯзи 5-уми сентябр соли равон дар таваллудхонаи шаҳри Ҳисор духтар ба дунё оварда, дар ҳамин шаҳр ӯро бо маблағи 1000 сомонӣ ба як зани 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхтааст.

Бино ба иттилои мақомот, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Додситонии кулли Тоҷикистон соли гузашта аз боз шудани парванда алайҳи 30 нафар бо ҷурми хариду фурӯши одамон хабар дода буд, ки аксарият ба хариду фурӯши кӯдакон айбдор дониста мешаванд. Ин мавридҳо танҳо дар ним солаи аввали соли 2018 сабт шуда буд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар маврид онҳое кӯдаки худро мефурӯшанд, ки ё фарзанди бидуни никоҳ ба дунё овардаанд ё аз тангии рӯзгор имкони нигоҳубини тифлро надоранд. Харидорони кӯдакон аксаран оилаҳои ташнаи фарзанд будаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, душвор будани ҷараёни фарзандхонӣ бисёре аз оилаҳои бефарзандро ба ҷиноят тела медиҳад.

Амрико ба Ховари Миёна нерӯи бештар мефиристад

Бо ишора ба нигарониҳо бо амалкарди Эрон дар Ховари Миёна, ИМА имкони ирсоли ҳазорҳо сарбози тозанафас ба ин минтақаро баррасӣ дорад. Рӯзи 5-уми декабр Ҷон Род-намояндаи вазорати мудофиаи ИМА ба вакилони Конгресс тафсилот дод.

Ӯ нагуфт, ки чӣ миқдоре аз нерӯҳо ба Ховари Миёна фиристода мешавад, вале гузориши маҷаллаи Wall Street-ро, ки дар бораи ирсоли 14 ҳазор нафар хабар нашр намуд, рад кард. Расонаҳои дигар навиштаанд, ки ИМА ба Ховари Миёна аз 5 то 7 ҳазор афсару сарбоз хоҳад фиристод ва онҳо ба 14 ҳазор афсару сарбозе, ки ҳоло дар Ховари Миёна ҳастанд, ҳамроҳ мешаванд.

Мансабдорони амрикоӣ дар бораи макони ҷобаҷошавии нерӯҳо маълумоти зиёд надодаанд, вале гуфта мешавад, ки фаъолиятҳои ташвишовари гурӯҳҳои рӯ ба Эрон боиси баррасии эҳтимоли ирсоли нерӯҳо шудааст.

Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд

Департаменти давлатии ИМА иттилоъ медиҳад, ки шояд нерӯҳои амниятии Эрон аснои таъқиби эътирозҳои ахири ин кишвар дар робита бо болоравии нархи бензин, то як ҳазор нафарро ба қатл расондаанд. Рӯзи 5-уми декабр дар ин бора намояндаи хоси ИМА дар умури Эрон Брайан Ҳук ба хабарнигорон маълумот дод. Президенти ИМА Доналд Трамп таъқиби эътирозҳоро шадидан маҳкум намуда, иброз дошт, ки Амрико бо мардуми Эрон аст.

Рӯзи 15-уми ноябр ҳукумати Эрон нархи бензинро то 200 фоиз боло бурд. Дар пайи он эътирозҳои мардумӣ оғоз ёфтанд ва мақомоти Эрон эътирозҳоро тавассути нерӯҳои амниятӣ пахш карданд. Як ҳафта дар Эрон интернет баста буд. Аксари расонаҳо шумораи қурбониҳои эътирозҳоро беш аз 100 нафар номидаанд. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Амнести Интернешнел навиштааст, ки шумораи қурбониҳо беш аз 208 нафар аст.

Камбуди газро дар Тошканд ба сохтмони метро рабт доданд

Дар бархе аз ноҳияҳои шаҳри Тошканд фишори пасти газро ба сохтмони метро рабт доданд.

"Дар воқеъ, ҳангоми сохтмони метро дар Роҳи ҳалқаии Тошканд зарурат пеш омад, ки қубури газ ба дарозои 1,5 км канда шавад. Ба ҳамин далел дар бархе аз ноҳияҳо камбуди газ мушоҳида мешавад", - хабар дод ширкати "Узтрансгаз".

То имрӯз 800 метри лӯлаи мазкур барқарор шудааст.

Сар аз 22 ноябр фишори пасти газ дар ноҳияҳои Миробод, Чилонзор, Сергелий, Шайхонтоҳур, Яккасарой ва Учтепаи шаҳри Тошканд мушоҳида мешавад.

Сармеъмори Самарқанд дар дуздии $735 ҳазор гумонбар мешавад

Бобир Элмуродов, сармеъмори вилояти Самарқанди Узбекистон дар дуздии маблағи буҷа гумонбар мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, ин мансабдор дар ивази гарав аз ҳабс раҳо шуда, айни ҳол муҳокимаи парвандааш давом дорад.

Элмуродов моҳи марти соли ҷорӣ сармеъмор таъйин шуд. То он замон вай муовини раиси вилояти Самарқанд буд. Сармеъмор бо он айбдор мешавад, ки бидуни асос ба 26 сокини маҳаллие маблағ тақсим кардааст, ки манзилҳояшонро тахриб карда буданд.

Айни ҳол Элмуродов бо моддаҳои "дуздӣ тавассути азхудсозии маблағ ва исрофкорӣ", "сӯистифода аз мақом" ва "омодасозии ҳуҷҷатҳои қалбакӣ" гумонбар мешавад.

Абарқудратҳо ба номаи Путин дар бораи насби мушакҳо посух надодаанд

Бештари раҳбарони кишварҳои абарқудрат ба номаи президенти Русия Владимир Путин дар бораи эъломи моратория ба насби мушакҳои миёна ва дурпарвоз посух надодаанд. Дар ин бора худи Путин дар ҷаласаи марбут ба масоили низомӣ хабар дод.

Ба иттилои РБК, Путин гуфтааст, адами вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ Русияро водор мекунад, ки барои мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ тадбирҳое биандешад. "Ба номаи мо то ҳол президенти Фаронса Эммануэл Макрон посух додааст. Шарикони дигар вокуниш нишон надодаанд", - навиштааст РБК бо истинод ба суханҳои Путин. Ба гуфтаи президенти Русия, Маскав гӯё алоқаманди насби мушакҳои нав нест.

Ахиран Владимир Путин гуфта буд, ки Русия омодааст, ҳар чи зудтар, то охири соли равон бидуни шарт созишномаи кам ва маҳдуд кардани аслиҳаи ҳуҷумии стратегиро тамдид кунад.

Президенти Русия ҳамчунин изҳор дошт, ки Кремл метавонад созишнома бо Вашингтонро тамдид накунад, зеро ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Русия тавони ҳимояти кишварашро дар ояндаи дарозмуддат доранд.

Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу миёнапарвоз миёни Русия ва ИМА соли равон бекор карда шуд. Нахустин шуда аз иҷрои он Вашингтон даст кашид. ИМА Русияро ба нақзи созишнома айбдор кард. НАТО низ аз мавқеи Вашингтон ҷонибдорӣ намуд. Русия ин иддаоро рад кард, вале он низ аз иҷрои созишнома даст кашид.

Фаъоли қирғиз Афтандил Жоробеков ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 5 декабр фаъоли мадании қирғиз Афтандил Жоробековро то 24 январи соли 2020 ба ҳабси хонагӣ гирифт.

Жоробеков 24 ноябр боздошт шуда, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ӯро ба барангехтани адовати қавмӣ айбдор мекунад. Афтандил Жоробеков гуруҳи "БеспределKG"-ро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук идора мекунад.

Кумита 27 ноябр дар нахустин иттилоияи худ гуфта буд, гумонбар матлаберо нашру паҳн кардааст, ки "ҳукумати Қирғизистонро бадном мекунад".

Жоробеков гӯиё ба ташкили эътирозҳои оммавӣ даъват кардааст, ки "боиси ба ду гуруҳ ҷудо шудани корбарон, ба миён омадани шарҳҳои таҳқиромез ва барангехтани бадбинӣ нисбат ба ҳамдигар аз рӯи маҳал шудааст".

Хоҳари фаъоли қирғиз Чинора Темирова гуфт, бародарашро барои матлабе дар бораи коррупсия ва даъват ба эътирози осоиштаи зиддикоррупсионӣ боздошт кардаанд.

Сафири Қазоқистон баъди суханҳои Тоқаев ба вазорати хориҷии Украина даъват шуд

Сафири Қазоқистон дар Киев Самад Ордобоев 5 декабр ба Вазорати корҳои хориҷии Украина (ВКХ) даъват шуд. Ҷониби Украина дар робита ба мавқеи Қазоқистон нисбат ба "талошҳои Русия барои ғасби нимҷазираи Қрим" изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд. "Ҳар ду тараф ҷонибдории худро аз усули эҳтироми дуҷониба ба истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳо таъйид кардаанд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Украина.

Ёдрас мешавем, президенти Қазоқистон рӯзи 4 декабр дар мусоҳиба бо Deutsche Welle гуфт, ҳаводиси моҳи марти соли 2014-ро, ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобад. "Мо он чиро ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобем. Он чи ки гузашт, гузашт. Ғасбкорӣ - дар нисбати Қрим таъбири тундтар аст", - гуфт Тоқаев.

Вай ҳамчунин дар посух ба суоли ин ки оё Қазоқистон аз ҳаводиси дар Украина рух дода тарс хӯрдааст, гуфт, ҳеҷ тарсе мавҷуд нест. "Мо бо Русия муносиботи комилан боэътимод ва ҳусни ҳамсоядорӣ дорем. Аз ҳамон оғоз мо ба хирад ва наҷобати роҳбарияти Русия бовар доштем", - афзуд Тоқаев.

Расссоми қазоқ Асат Аҳмадяров 5 декабр дар даст лавҳае бо навиштаи "Ба ҷои ӯ узр мепурсам" ва тасвири сари хар ба назди сафорати Украина дар Нурсултон рафт. Аҳмадяров ба рӯзноманигорон гуфт, ки ба назди сафорат рафтааст, то барои суханҳои Тоқаев узр пурсад.

Русия Қримро дар моҳи марти соли 2014 дар натиҷаи ба ном "раъйпурсӣ" ғасб кард. Дар ин раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба Русия 96,77 дарсади сокинони Қрим ва 95,6 дарсади сокинони Севастопол овоз доданд.

Созмонҳои байналхалқӣ ғасби Қримро ғайриқонунӣ баҳо ва амалкарди Русияро маҳкум карданд. Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Украина ҳамоно Қримро ҳудуди худ меҳисобад, ки муваққатан ғасб шудааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тазоҳуроти мардуми норозӣ дар Беларус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG