“Аз ҳамсинфони ман хуб бошад, даҳ нафарашон босаводанд. Боқимондаашон савод надоранд, 25 – 26 нафарем, баъзеашон ҳатто номашонро навишта наметавонанд. На хонда метавонанд, на навишта."
Агар ин вазъи бимнок ҳамингуна идома кунад мегӯяд, Бунафша Ғаниева як омӯзгори собиқадори тоҷик ояндаи Тоҷикистонро тасаввур кардан мушкил хоҳад буд:
“Агар кор ба ҳамин минвол давом кардан гирад, баъд аз чанд сол тасаввур кунед, ки ҳоли мактабу маориф чӣ мешавад. Ба фикри ман дар оянда ба мо лозим меояд, аз нав барномаи маҳви бесаводӣ амалӣ кунем.”
Як пажӯҳиш дар 180 мактаби Тоҷикистон ошкор кардааст, ки дониши аксари як миллиону шашсад ҳазор нафар муҳасилини мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳатто ба меъёрҳои муқарраркардаи худи кишвар мувофиқ нест. Ҳарчанд соли 2008-ум вазорати маориф бо раҳбарии Абдуҷаббор Раҳмонов вазири сахтгиру пурғайрат талоши фаровоне кард, то сатҳи дониши муҳассилинро боло бурда ва вазъи риққатбори мактабҳоро беҳбуд бахшад, аммо ҳосили зиёде ба даст оварда натавонист, зеро мушкилоти арсаи маориф фаровону буҷаи вазорату ҳукумати Тоҷикистон тиҳист.
Абдуҷаббор Раҳмонов таҳдид кард, донишҷӯёнеро, ки аз пули давлат донишгоҳро хатм карда, омӯзгор нашудаанд, ба воситаи додгоҳ ба мактабҳо бармегардонад. Ба мактабҳое, ки садҳо ҳазор нафар муҳассилони он мӯҳтоҷи тақрибан 7 ҳазор нафар устоди соҳибтаҷриба ҳастанд:
“Мо бо ин роҳ талаб мекунем, ки ин донишҷӯёне, ки тамом карданд ба кор раванд, ё маблағе, ки панҷ сол давлат барои таҳсили онҳо додааст, онро падару модарашон баргардонад. Ин тасмими мо ҷиддӣ аст ва мо ин корро хоҳем кард.”
Аммо ҳукумат на танҳо таҳдид балки имтиёзҳоеро барои ҷалби омӯзгорон ба макотиб пешниҳод кардааст, ки онҳоро устоди донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Саидмуъмин Раҷабов шарҳ медиҳад:
“Соли гузашта қарори ҳукумат баромад, ки имтиёз додан ба мутахассисони ҷавон, аз ҷумла бенавбат додани замини наздиҳавлигӣ, қарзҳои бефоизро пешбинӣ мекунад. Барои харидорӣ кардани чорвои ширдеҳ ёрӣ мерасонад, ҳамчунин барои дар маҳалҳо истифода бурдани то 20 қуттии занбӯри асал дар қарори ҳукумат омадааст."
Гузашта аз ин омӯзгоре ҷавоне, ки дар мактаб кор мекунад, аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон озод аст, артише, ки ҷавонони зиёде барои напайвастан ба он Донишгоҳи омӯзгориву дигар донишгоҳҳоро ба паноҳгоҳи амни худ табдил дода ва курсиҳои довталабони касби омӯзгориро тассаруф кардаанд. Аммо ин ҳама қанду шириниҳои пешниҳодкардаи ҳукумати Тоҷикистон, дар соли 2008 ҳам натиҷаҳои дилхоҳ надод ва садҳо мактаби кишвар навмедона чашм ба роҳи омӯзгор буданд. Ва падидае, ки соли 2008 ҳам сабаби парҳези омӯзгорон аз кор дар мактаб шуд, ҳамон музди кам ва номи омӯзгор буд, ки ҳоло фарди фақиру нотавоне дар Тоҷикистон таллақӣ мешавад. Таҳмина, ки ихтисоси омӯзгорро дорад, мегӯяд:
“Ман дилам месӯзад, ки муаллима ҳастаму дарс дода наметавонам, лекин илоҷ надорам, ман ҳам бояд хонаводаи худамро сер кунам, вазнин аст, муаллима будан.”
Бале мушкил аст, омӯзгори мактабе будан, ки ҳадди аксар 300 сомонӣ ва ё ҳудуди 100 доллари амрикоӣ музди кор медиҳад, ки пули ночизе дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ва мушкилтар он аст, ки омӯзгори дабистоне бошӣ, ки мизу курсии кофӣ надорад, то муҳассилини бечора дуруст нишаставу китоб хонанду нависанд. Даҳҳо мактаби Тоҷикистон дар соли 2008 чунин вазъ доштанд, аз ҷумла мактаби рустои Қайнамаи ноҳияи Ёвон. Насриддин Талбак – омӯзгори забони русӣ дар ин мактаб соли 2008 маҷбур буд бо шогирдонаш аз як миз истифода кунад, зеро дар мактаби онҳо мизу курсӣ намерасид:
“Ман баъзан китобу журналро баъд аз навиштан аз рӯи миз мегирам, баъд бачаҳо менависанд, зеро ҷой танг аст, халал мерасонад.“
Ҷойи танг ба дарси бачаҳо на танҳо халал мерасонад, балки онҳоро азоб медиҳад мегӯяд, яке хонандагони синфи се дар мактаби рустои Қайнама:
“Дар синф 23 нафарем, дар зимистон 3 нафарӣ мешинем, навишта наметавонем, азоб мекашем, мехоҳем, ки ду нафарӣ бинишинем, ба якдигар халал нарасонем.”
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, мактабҳои кишвар мӯҳтоҷи 154 ҳазор мизу курсӣ, тақрибан 10 ҳазор миз барои омӯзгорон ва 30 ҳазору утоқи дарсиву даҳ ҳазор тахтаи дарсӣ ниёз доштаанд. Дар Тоҷикистон соли 2008 ба гуфтаи вазорати маориф, 284 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд ва муҳассилин дар вагону хонаҳои хусусӣ таҳсил мекарданд. Ҳукумат, ки мегӯяд бахубӣ аз ин вазъ огаҳ аст, соли 2008 барномаи барномаи миллии бунёд ва тармими муассисаҳои таълимиро пазируфт, ки бар асоси он бояд то соли 2015 дар тамоми макотиби кишвар шароити муносиби таълим фароҳам шавад. Шароите фароҳам шавад, ки дигар наврасони тоҷик танҳо барои кӯр кардани рӯзи худ ба мактаб нараванд, балки на танҳо навиштану хондану зарбу тақсимро биёмӯзанд, балки мусаллаҳ бо дониши кофӣ ва абзорҳои лозим барои пешбурди зиндагӣ шаванд. Шароите фароҳам шавад, ки мактабҳои Тоҷикистон на фақат мардикор ба воя расонанд, балки замина фароҳам намоянд, ин шогирдон муҳандису, коргузор ва мутахассиси соҳибтаҷрибаи дигаре шаванд, ки дар бозорҳои корӣ харидори зиёд доранд. Танҳо дар ин сурат Тоҷикистон рушд хоҳад кард, зеро нафту газ надорад, ки фурӯхта ва худро таъмин кунад. Нафту газро офарида намешавад, аммо ақлу хирадро метавон офарид, ки як заминаи аслӣ барои рушди кишварҳост.