Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният авзоъ дар Ғаззаро баррасӣ кард


Шӯрои Амнияти Созмони Милал имрӯз бо баргузории як нишасти изтирорӣ амалиёти ҳавоии Исроил дар Навори Ғаззаро баррасӣ кард, ки дар ҷараёни он амалиёт бештар аз 200 фаластинӣ кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бино ба гузоришҳо, Шӯрои Амният пешнависи баёнияи Русияро баррасӣ кардааст, ки Исроилро ба хатми амалиёти низомиаш дар Ғазза ва созмони Ҳамосро ба қатъи мушакандозӣ ба қаламрави Исроил даъват мекунад. Айни замон ҳамлаҳои ҳавоии Исроил имрӯз ҳам дар Навори Ғазза идома кардааст ва ба иттилоъи хабаргузории Франс Пресс дар ҳамлаҳои тоза, шаш тани дигар ҳалок шудаанд. Исроил амалиёти худро ҳимоят карда ва Ҳамосро муттаҳам намудааст, ки ҳамлаҳо аз мушаку минамётҳоро ба қаламрави Исроилро бас намекунад.
XS
SM
MD
LG