Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунат дар Ховари Миёна авҷ мегирад


Нерӯҳои ҳавоии Исроил имрӯз як амалиётеро ба зидди таъсисоти созмони Ҳамос дар Навори Ғазза шурӯъ кардаанд. Артиши Исроил гуфт, онҳо зербунёдҳои терористиро дар ин маҳал нишон гирифтаанд. Пештар аз ин нахуствазир Эҳуд Олмерт дастур додааст, то дар ҷавоб ба мушакандозиҳо аз маҳалҳои фаластинӣ ба Исроил иқдомоти ҷавобӣ андешида шавад. Телевизиони Ал-Ҷазира аз қавли манобеъи бемористонҳои фаластинӣ гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти ҳавоии нерӯҳои Исроил 120 нафар кушта ва 200 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Манобеъи дигар теъдоди қурбониёнро камтар гуфтаанд. Айни замон як сухангӯи низомии Исроил гуфтааст, нерӯҳои кишвараш дар ин амалиёт ҳамла ба раҳбарони Ҳамос дар Навори Ғаззаро низ сарфи назар намекунанд. Фаронсаву Русия хостаанд, то Исроил ба ин юриш ва созмони Ҳамос ба мушакандозӣ ба қаламрави Исроил хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG