Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши ҳаққулубури нақлиёт аз марзи Узбакистон


Узбакистон ҳаққулвуруд ва ҳаққулубури нақлиёти боркашон ва автобусҳои хориҷӣ аз марзи худро боло бурд.

17-уми декабри соли 2008 девони вазирони Узбакистон қарор «дар бораи такмили минбаъдаи назорат бар воруд, хурӯҷ ва убури васоити нақлияи автомобилии хориҷӣ»-ро тасвиб намуд, ки бар асоси он ҳаққулмаблағҳо барои нақлиёти боркаши Тоҷикистон низ зиёд мешавад.

Мутобиқи қарори мазкур, аз 1-уми январи соли 2009 барои вуруд ва убури Узбакистон аз васоити нақлиёти боркашон ва автобусҳои хориҷӣ, ки марзи Узбакистон ва Тоҷикистонро мегузаранд, маблағҳои иловагӣ ситонида мешаванд.

Тибқи ин санад, барои ҳар як шабонарӯзи изофӣ аз 3 шабонарӯзи дар марзи ин кишвар қарор доштани васоити боркашонии нақлиётӣ ва автобусҳои мусофиркашонии Тоҷикистон акнун на чун қабл 50 доллари ИМА, балки 70-долларӣ гирфта мешавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG