Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши интиқоли гази Узбакистон


Узбакистон ба далели сари вақт напардохтани пули газ интиқоли газашро ба Тоҷикистон 30 дарсад коҳиш додааст.

Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати "Тоҷикгаз" гуфт, ба сабаби саривақт напардохтани пули газ аз сӯйи бархе аз корхонаҳои азими Тоҷикистон ин ширкат ҳоло имкони пардохти қарзҳои Узбакистонро надорад. Вай ба сурати мисол афзуд, Маркази гармидиҳии Душанбе ба маблағи ҳудуди ҳафт миллион доллар ва корхонаи "Тоҷиксемент" ба маблағи беш аз як миллион доллар гази "Тоҷикгаз" –ро истифода карда, пулашро пардохт накардаанд. Ба гуфтаи вай, ҳоло ин ширкат барои истифода аз газ аз Узбакистон ҳудуди 12 миллион доллар қарздор будааст ва аз ин сабаб соли ҳолӣ гази узбакӣ ба Тоҷикистон 130 миллион метри мукааб кам ворид шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Узбакистон мехоҳад шурӯъ аз соли оянда қимати газашро барои Тоҷикистон бештар аз як баробар афзоиш диҳад. Тоҷикистон то кунун ҳар ҳазор метри мукааб гази Узбакистонро бо қимати 145 доллари амрикоӣ харидорӣ мекунад, аммо мақомати узбак ба ҷониби Тоҷикистон гуфтаанд, шурӯъ аз соли оянда ин миқдор газро бо қимати 300 доллари амрикоӣ хоҳанд фурӯхт.

Бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон ҳамасола аз Узбакистон ҳудуди 600 миллион метри мукааб газро бо мушкилоти зиёде харидорӣ мекунад. Узбакистон дар 3 соли ахир нархи ҳар 1000 метри мукааб газро барои Тоҷикистон аз 55 доллар то ба 145 доллар афзудааст, ки боиси варшикастагии қисмати аъзами корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG