Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши интиқоли газ дар вилояти Хатлон


Бо фаро расидани мавсими сармо ва дар баробари ҷорӣ шудани лимити барқ дар саросари кишвар, ҳамчунин дар интиқоли гази табиӣ ба аҳолии шаҳрҳои Қўрғонтеппа, Сарбанд ва навоҳии Бохтару Ҷалолуддини Румӣ низ маҳдудият ҷорӣ гардид. Ҳамакнун беш аз 50 ҳазор истеъмолкунандаи гази маҳаллӣ, ки аз кони гази Қизилтумшуқи ноҳияи Румӣ истихроҷ мешавад, танҳо 9 соат дар як шабонарўз метавонанд аз ин навъи сўзишворӣ истифода кунанд.

Қутбиддин Хоҷаев, сардори Корхонаи фаръӣ-байниноҳиявии «Қўрғонтеппагаз», гуфт, бо расидани фасли зимистон талаботи аҳолӣ ба газ бамаротиб афзун мешавад. Аҳолӣ, ба қавли Қ. Хоҷаев, дар набуди барқ, газро ҳамчун як воситаи гармсозии хонаҳо истифода мекунад, ҳол он ки он бояд танҳо барои таҳияи ғизо сарф шавад. Вай мегўяд, бо фарорасии мавсими сармо фишори газ якбора паст рафт.

Ҳамакнун, газ ба аҳолии Қўрғонтеппа аз соати 6 то 8-и субҳ, аз 11 то 13-и рўз ва аз соати 16 то 21-и шом интиқол дода мешавад. Қутбиддин Хоҷаев, сардори корхонаи «Қўрғонтеппагаз», иқрор мекунад, ки васлсозии шабакаҳои гази шаҳри Сарбанд ба кони гази маҳаллии Қизилтумшуқ, фишори газе, ки ба манозили сокинон мунтақил мешавад, якбора поин рафта, таъминоти аҳолиро бо ин навъи сўзишворӣ мушкил кардааст.

Ҳамин гуна, сокинони маҳаллӣ низ бо шикоят аз лимити гази табиӣ мегўянд, зеро дар ҳоле ки нерўи барқ ҳам бар асоси реҷа интиқол меёбад, газ аз васоити аслии таҳияи ғизо ва гармӣ дар хонадонашон маҳсуб мегардид.

Дар ҳамин ҳол, корхонаи «Қўрғонтеппагаз» мегўяд, барои таъминоти бештари аҳолӣ бо гази табиӣ ду чоҳи нави кони Қизилтумшуқ ба кор андохта шудааст. Аммо ҳамоно гази истихроҷмешуда аз конҳои нав нокофӣ хонда мешавад.

Бар асари ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли гази табиӣ, ҳамчунин иддае аз корхонаҳои саноатии маҳаллӣ низ аз кор бозмондаанд. Бинобар норасоии гази табиӣ интиқоли он ба ду корхонаи азими хиштрезии шаҳри Сарбанд комилан мутаваққиф шудааст.

Ёдрас мекунем, аҳолии шаҳрҳои Қўрғонтеппаю Сарбанд ва навоҳии Бохтару Румӣ то чанд соли пеш аз гази воридаи Узбакистон истифода мекарданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани кони гази Қизилтумшуқи воқеъ дар ноҳияи Румӣ, собиқ Колхозобод, сокинон ба гази то чаҳор маротиб арзонтар аз гази Узбакистон дастрасӣ пайдо карданд. Агар ҳоло ҳаққи истифода аз гази воридаи узбакӣ барои як нафар 17 сомонӣ муқаррар шуда бошад, ҳаққи истифода аз гази маҳаллӣ ҳамагӣ 4 сомонию 25 дирам таъин шудааст.

Аммо бо шурўъи соли нави 2009-ум ҳам гуфта мешавад, нархномаи истифода аз гази маҳаллӣ низ то 50 дарсад боло хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG