Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба мубориза бо роҳзанҳои Сомалӣ ҳамроҳ шуд


Чин барои нахустин бор дар сад соли ахир киштиҳои ҳарбияшро барои иҷрои супориши низомӣ берун аз марзҳои обии кишвар мефиристад. Ду киштии бузурги низомӣ ва як киштии кумакрасон ба халиҷи Аден раҳсипор мешаванд, ки он ҷо моҳҳои ахир ҳамлаи роҳзанҳои дарёӣ ба киштиҳои боркаш афзоиш ёфтааст. Роҳзанҳои дарёии Сомалӣ айни ҳол чандин киштии боркашро гаравгон гирифта барои раҳоии онҳо маблағи бузург талаб доранд.

Киштиҳои низомии Чин тайи се моҳ киштиҳои боркашро раҳбаладӣ ва амнияти онҳоро таъмин хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG