Дар рӯзи таҷлили Милоди Масеҳ насрониҳо даъват кардаанд, ки дар Ховари Миёна сулҳ пойдор шавад.
Дар Рум поп Бенедикт-раҳбари калисои католики романӣ, шаҳри Байтлаҳми соҳили ғарбӣ: зодгоҳи Исои Масеҳро ёд намуда, дуо кард, ки дар Ховари Миёна "бадбиниву хушунат" хотима ёбад. Нимашаби Милоди Масеҳ Бенедикт дар толори калисои Пётри Муқаддаси Ватикан гуфт:
"Биёед дар бораи маконе бо номи Байтлаҳми сарзамине фикр кунем, ки дар он Исои Масеҳ ба дунё омада, он маконро аз таҳти дил дӯст медошт. Биёед дуо кунем, ки дар он ҷо сулҳ пойдор шаваду бадбиниву хушунат аз байн равад. Биёед барои фаҳмиши дуҷониба ибодат кунем, ки дилҳову марзҳоро боз мекунад".
Дар ибодати идонаи Байтлаҳм дар калисои Маҳд (كنيسة المهد )пешвои калисои католики романӣ усқуф Фуод Туол (طوال فؤاد) ҳам ба сулҳ даъват кард. Ба ақидаи насрониҳо калисои Маҳд дар макони таваллуди Исои Масеҳ бунёд шудааст.
Имрӯз кӯчаҳои Байтлаҳм саршор аз насрониҳое мебошанд, ки барои таҷлили Милоди Масеҳ ба он ҷо рафтаанд.