Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҳамоиш дастур дод, то китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дубора ба нашр бирасад ва бо теъдоди 50 ҳазор нусха то соли 2011 ба забони англисӣ тарҷума ва чоп шавад. Ин китоб дар замони Шӯравӣ, дар соли 1972 бо тиражи кам чоп шуда буд, ки танҳо дастраси муассисаҳои илмӣ, донишгоҳу китобхонаҳои бузург буд. Ба далели матраҳ будани масъалаи миллӣ дар замони Шӯравӣ ин китоб дубора бо тиражи бузургтаре чоп нашуд.
Бобоҷон Ғафуров дар замони Шӯравӣ низ ба унвони як донишманди саршинос шинохта мешуд ва дар он замон раёсати Институти ховаршиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравиро бар ӯҳда дошт.
Дар ҳамоиши бахшида ба 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров олимон аз Русия ва Қазоқистону Ҳиндустон ширкат ва суханронӣ карданд, Ширкаткунандагон аз нақши пурарзиши Бобоҷон Ғафуров дар илми ховаршиносии минтақавию ҷаҳонӣ, омӯзиши амиқи таърихи Осиёи Марказӣ ва ташхиси мақому мартабаи тоҷикон ва дигар халқҳои Шарқ дар тамаддуни башарӣ сухан карданд.
Ҳамчунин, дар ҳамин рӯзҳо дар Академияи илмҳои Тоҷикистон конфронси байнулмилалӣ бахшида ба академик Бобоҷон Ғафуров баргузор хоҳад шуд ва дар он садҳо олимону ходимони шинохтаи илму фарҳанг аз кишварҳои гуногун ширкат хоҳанд кард.