Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии вазорати хориҷаи Амрико аз Қирғизистон


Вазорати хориҷаи Амрико аз тасмими мақомоти Қирғизистон дар мавриди қаъти пахши барномаҳои бахши қирғизии радиои Озодӣ ё Азаттик дар қаламрави он кишвар изҳори нигаронӣ кард. Вазорати хориҷаи Амрико аз мақомоти Қирғизистон хостааст, пахши ин барномаҳо аз сар гирифта шавад. Дар эъломияи вазорат омадааст, мардуми Қирғизистон барномаҳои бахши қирғизии радиои Озодӣ, аз ҷумла барномаи хабарии телвизюниро, барои худ сарчашмаи хабарӣ медонистанд. Дар эъломия гуфта мешавад, ин барномаҳо дар озодии матбуъот, мунозираҳои озод ва рушди равандҳои демократӣ дар Қирғизистон саҳми арзишманд доштаанд. Дар эъломияи вазорати хориҷа омадааст, Амрико аз Қирғизистон дархост мекунад, ки дубора бо радиои Озодӣ ҳамкорӣ кунад ва ҳар чӣ зудтар ба пахши барномаҳои он иҷоза диҳад. Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо низ аз раҳбарони Қирғизистон хостааст, ба пахши барномаҳои радиоӣ ва телвизюнии Азаттик, ки радио ва телвизюни давлатии Қирғизистон онро 8-уми октябр қатъ карда буд, иҷоза диҳанд. Мақомоти Қирғизистон қаблан гуфта буданд, радиои Азаттик аз ҳукумат зиёд интиқод мекунад ва тақозо карданд, ки қабл аз иҷозаи пахш онҳо ҳақи баррасии барномаҳои ин бахшро доранд. Вале раҳбарони радиои Озодӣ ин тақозоро рад карданд ва онро ғайриқобили қабул хонданд.

XS
SM
MD
LG