Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои дорои захоири газ муттаҳид мешаванд


Владимир Путин, сарвазири Русия хостори ба ниҳоди доимӣ табдил ёфтани Форуми кишварҳои тавлидкунандаи газ гардид. Дар нишасти вазирони энерҷии ин кишварҳо дар Маскав ӯ гуфт, ки Форум бояд ойинома ва қароргоҳи худро дошта бошад. Гуфта мешавад, ки таъсиси як ниҳоди кишварҳои тавлидкунандаи газ аз мавзӯъҳои аслии нишасти Маскав аст. Владимир Путин ба ҳайси қароргоҳи доимии Форуми кишварҳои тавлидкунандаи газ шаҳри Санкт-Петербургро пешниҳод кард.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳадаф таъсиси ниҳоде чун ОПЕК – Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт нест ва аъзои Форум квотаи истихроҷу фурӯши газро муқаррар нахоҳанд кард. Форуми кишварҳои тавлидкунандаи газ сиёсати энерҷӣ миёни кишварҳои содиркунанда ва истеъмолкунандагони газро ҳамоҳанг хоҳад кард.

Қарор аст ба ин Форум 13 кишвари дорои захоири бузурги газ, аз ҷумла, Эрон, Қатар, Венесуэла, Либия ва Алҷазоир шомил шаванд. Бархе коршиносон мутмаинанд, ки ҳадафи Русия аз таъсиси созмон – тақвияти нуфузи сиёсияш дар ҷаҳон аст.

XS
SM
MD
LG