Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Гвинея ҳукуматро пароканда карданд


Гурӯҳи низомиён дар Гвинея баъд аз даргузашти раисиҷумҳур Лансон Конте эълон карданд, ки ҳукумат пароканда ва татбиқи Қонуни асосии кишвар мутаваққиф шудааст. Тибқи хабарҳо аз ин кишвари воқеъ дар ғарби Африқо, низомиён таҳти раёсати капитан Мусо Дадис Қамаро бинои радиои давлатиро ишғол карда хабарнигоронро барои қироати изҳорот оид ба суқути ҳукумат маҷбур карданд. Алъон рушан нест, ки ин амал худсарона сурат гирифтааст ё бо амри мақомоти олии низомии кишвар.

Лансон Конте, ки ахиран дар синни 75-солагӣ оламро падруд гуфт, соли 1984 баъд аз кудатои низомӣ сарварии Гвинеяро бар дӯш гирифта буд.
XS
SM
MD
LG