Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Исроил аз Туркия боздид мекунад


Эҳуд Олмерт, нахуствазири Исроил, бо раҳбарони Туркия дар Онкоро мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот аслан мавзӯъи миёнҷигарии Туркия дар музокироти сулҳи миёни Исроилу Сурия баррасӣ шудааст.

Қабл аз музокира бо нахуствазир Реҷеп Таййип Эрдуғон оқои Олмерт бо Абдуллоҳ Гул, раисҷумҳури Туркия, дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Аз сӯи дигар, дар Ғазза дафтари Исмоил Ҳания, нахуствазири ташкилоти худгардони Фаластин, дар эъломияе гуфтааст, ки Ҳания бо раисҷумҳури Туркия телефонӣ суҳбат кардааст ва аз вай хостааст, то барои аз миён бардоштани муҳосираи Ғазза ба Исроил фишор оварад.

XS
SM
MD
LG