Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 афғони осоишта дар Ғазнӣ


Полиси Афғонистон мегӯяд, бар асари як таркиши худкушона дар Ғазнӣ, ҷануби кишвар, се шаҳрванди осоишта кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд. Ноиби сардори полиси Ғазнӣ Муҳаммад Замон гуфт, ин таркиш дар маркази шаҳр замоне ба вуқӯъ пайваст, ки мошини бамгузоришуда аз роҳи серодам убур мекард. Вай гуфт, зоҳиран инифҷор пеш аз мҳӯлат ба вуқӯъ пайвастааст, аммо ҳадафи ҳамлаварон номаълум боқӣ мемонад. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG