Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Кобул аз барномаи низомии Амрико


Давлати Афғонистон имрӯз аз барномаи эъзоми даҳҳо ҳазор сарбози изофии Амрико ба ин кишвар дар соли оянда истиқбол кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон Султон Аҳмад Беҳин гуфт, Кобул мехоҳад, ин нирӯҳо дар манотиқе мустақар шаванд, ки ба онҳо ниёз ҳаст. Аз ҷумла дар вилояти Ҳилманд ва манотиқи марзии шарқи кишвар, ки як масири асосии вуруди ҷангиён аз хоки Покистон маҳсуб мешавад. Ӯ афзуд, эъзоми ин нирӯҳо тамрини нирӯҳои афғониро низ тақвият хоҳад бахшид. Фармондеҳи ситоди муттаҳидаи артиши Амрико адмирал Майк Муллен рӯзи шанбе дар Кобул эълон кард, ки Амрико мехоҳад то тобистони оянда ба Афғонистон аз 20 000 то 30 000 сарбози изофӣ бифиристад.
XS
SM
MD
LG