Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 20-уми фоҷиаи Локербӣ


Имрӯз аз суқути фоҷиавии ҳавопаймои мусофирбари ширкати амрикоии Пан Ам дар осмони Локербӣ 20 сол мегузарад. Бар асари ин сониҳа, ки рӯзи 21 декабри соли 1988 дар фазои Шотландия рух дод, ҳамаи 270 сарнишини ҳавопаймои таркида кушта шуданд. Як маъмури амниятии Либия бо ҷурми бамбгузорӣ дар ин ҳавопаймо ба ҳабси умрбод маҳкум шуда, давлати Либия ду сол пеш розӣ шуд, ба аҳли хонаводаи қурбониёни он фоҷиа 2 миллиарду 700 миллион доллар ҷуброн бипардозад. Имрӯз ба ёди қурбониёни фоҷиаи Локербӣ ҳам дар ин мавзеъи Шотландия ва ҳам дар фурӯдгоҳи Ҳтрови Лондон, ки ҳавопаймо аз ҳамин фурӯдгоҳ ба парвоз бархоста буд., баргузории маросими ёдбуд дар назар аст.
XS
SM
MD
LG