Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳияи як барномаи вижа бо номи “180 рӯзи ислоҳот” шудааст. Оқои Раҳмон ин пешниҳодро дар ҷаласаи навбатии Шӯрои беҳбуди фазои сармоягузории Тоҷикистон ба забон овард. Ин Шӯро, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ ташкил шудааст, дар баробари чанд узви калидии давлати Тоҷикистон ҳамчунин раҳбарони намояндагиҳои ниҳодҳои байналмилалии моливу имдодӣ, назири Бонки аврупоӣ ва бонки ҷаҳонӣ, ва намояндагони ожонси рушди байналмилалии Амрико ва ширкатҳои хориҷии фаъол дар Тоҷикистонро дар бар мегирад. Беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҷалби сармояи бештари дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи аҳдофи меҳварии ин барномаи ислоҳот ном бурда мешаванд.