Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поинравии сомонӣ дар баробари доллар


Қурби 1 доллари ИМА дар саррофиҳои Тоҷикистон ба 3 сомониву 47 дирам баробар шуда ва фурӯши он 3 сомониву 51 дирамро ташкил медиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қимати он муъодили 3 сомониву 41 дирам буд.

Ба қавли коршиносон ва таҳлилгарони масоъили моливу иқтисодӣ, сабаби асосии ба андозаи қобили мулоҳиза боло рафтани қимати дулор дар баробари арзи миллӣ таъсири буҳрони ҷаҳонии молӣ будааст. Онҳо ҳамчунин хеле кам будани ин арзи амрикоӣ дар бонкҳои Тоҷикистонро сабаби дигари болоравии доллар дар кишвар меҳисобанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои хусусии кишвар аз шарҳи ин қазия худдорӣ намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар мавриди тақозои доллар аз банкоматҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон соҳибони кортҳои плостикӣ як моҳ боз посухи рад мегиранд.

XS
SM
MD
LG