Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду коргари РусАл дар Нигерия рабуда шуданд


Дар ҳоле ки киштиҳои ҷангӣ ба хотири таъмини амнияти киштиҳо дар соҳилҳои шарқии Африқо ҷамъ шудаанд, афроди мусаллаҳ дар соҳилҳои ғарбии ин қора, дар ҳавзаи Нигер, ба се киштии марбут ба корхонаҳои нафткаш ҳамла оварда, дасти кам 2 шаҳрванди русро рабудаанд. Ин ҳамла рӯзи ҷумъа дар соҳилҳои вилояти Аква Ибоми Нигерия, дар наздикии корхонаҳои нафти хоми марбут ба ширкати канадоии Аддакс Петролеум сурат гирифтааст. Атбоъи рабудашудаи Русия дар АЛСКОН, корхонаи алюминсозии Нигерия, ки феълан ба ширкати Русский Алюминий – бузургтарин тавлидкунандаи алюминиум дар ҷаҳон - тааллуқ дорад, кор мекарданд. Масъулияти ин силсилаи ҳамлаҳоро касе бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG