Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди Лионро оташ задаанд


Як масҷиди мусалмонҳо дар шаҳри Лион, дар ҷанубу шарқи Фаронса, субҳи имрӯз бар асари сӯхтор каме тахриб шуд. Вазорати дохилаи Фаронса мегӯяд, масҷидро оташ задаанд. Пулис мегӯяд, оташсӯзӣ дари масҷидро тахриб карда, аммо ба дохили он густариш наёфт ва дар натиҷа, хисороти ворида дар дохили масҷид бештар аз дуди оташ будааст. Вазири дохилаи Фаронса Мишел Эллио-Марӣ дар номае ба раҳбари Шӯрои мусалмонони ин кишвар професор Муҳаммад Мӯсавӣ нисбат ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG