Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба Тоҷикистон гандуми бештар мефиристад


Қазоқистон содироти гандум ва маводи сӯхт ба Тоҷикистонро дар зимистон ва баҳор афзоиш хоҳад дод. Ин тавофуқ дар ҷараёни мулоқоти руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ба даст омад. Мулоқоти ду президент дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии раҳбарони чанд кишвари пасошӯравӣ дар Қазоқистон доир шуд. Дар ин гуфтугӯ ҷараёни иҷрои қарордодҳои байни ду кишвар имзошудаи ҳамкорӣ ва ҳамчунин мавзӯъи муҳоҷират низ баҳс шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти ширкати Қазоқистон дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар тарҳи эҳдоси нирӯгоҳ дар яке аз рӯдҳои кӯҳистонии кишвараш таъкид кардааст. Яке аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши ғайрирасмии раҳбарони 7 кишвари шӯравии собиқ, ки рӯзи ҷумъа дар Қазоқистон оғоз шуд, баррасии роҳҳои муқобила бо бӯҳрони саросарии молист.
XS
SM
MD
LG