Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Тетис дар бораи конҳои гази Тоҷикистон


Дэвид Робсон, раҳбари ширкати канадоии Тетис Петролеум, фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро хеле олӣ тавсиф карда, гуфтааст, ин ширкат қодир ҳаст, то 2 соли дигар ниёзмандиҳои ин кишвар ба газро аз ҳисоби истихроҷи гази табиӣ аз конҳои ин кишвар пурра бароварда созад. Тетис Петролеум барои истихроҷи газ аз 5 кони воқеъ дар Тоҷикистон хатти муҷавиз ба даст оварда, дар ҳоли ҳозир ду кони газ дар ин кишварро дубора фаъол кардааст. Мақомоти Тоҷикистон захираи мавҷуди газ дар конҳои ин кишварро беш аз 3 триллион метри мукааб баровард мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ин кишвар гази табииро асосан аз Узбакистон ва бо қимати 145 доллар барои ҳазор метри мукаабаш ворид мекунад. Аммо Тошканд гуфтааст, аз соли оянда нархи газро 2 маротибаи дигар боло хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG