Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додвар гуфт, журналисти кафшандоз латукӯб шудааст


Додгустаре имрӯз гуфт, журналисти ироқӣ, ки пойафзолашро ба сӯи президенти Амрико Ҷорҷ Буш ҳаво дода буд, дар рӯй ва зери чашмонаш изи латукӯб дорад. Зиё Ал-Кинонӣ, ки ҳодисаро пажӯҳиш мекунад, гуфт, додгоҳ аз номи журналист Мунтазир Ал-Зайдӣ шикоят додааст ва "навори видеоро хоҳад дид, то муайян кунад, ки киҳо журналистро латукӯб кардаанд. Пас аз партоби кафшҳош ба сӯи Буш дар нишасти хабарии муштараки Буш бо сарвазир Нурӣ Ал-Моликӣ Зайдӣ ба замин ғалтонда ва боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG