Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади ду тоҷик дар вилояти Маскав


Хабаргузориҳои Русия мегӯянд, аз бешазоре дар наздикии деҳаи Ригинои вилояти Маскав ҷасади ду шаҳрванди эҳтимолии Тоҷикистон пайдо шудааст. Намояндаи Вазорати умури дохилии Русия ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, ҳарду муҳоҷир аз таъсири ҳаҷми барзиёди маводи мухаддир дар баданашон фавтидаанд. Аз меъдаи онҳо дар 104 халтачаи селофанӣ 850 грам ҳероин кашф шудааст. Полис тафсилоти дигар надодааст.
XS
SM
MD
LG