Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон боздоштгоҳи Гуантанаморо мебандад


Ҷеофф Моррел-сухангуи вазорати дифоъи Амрико гуфтааст, Роберт Гейтс-вазири дифоъ дастур додааст, ки барномаи бозбинишудаи бастани боздоштгоҳи Амрико дар Гуантанамои Куборо таҳия кунанд. Барак Обама-раиси ҷумҳури мунтахаб, ки қарор аст 20-уми январ ба курсии раёсат биншинад, гуфтааст, бастани ин боздоштгоҳ яке аз бартариҳои кори давлати вай хоҳад буд. Бино ба гуфтаи сухангуи вазорати дифоъ, Роберт Гейтс мехоҳад нақшаи бастани Гуантанамо баъд аз омадани Обама бар сари кор ҳар чӣ зудтар таҳия шавад.

XS
SM
MD
LG