Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тоҷиксодиротбонк»: банкоматҳо доллар намедиҳанд


Ахиран гирифтани маблағҳо, хосса ба доллар, барои муштариёни банкоматҳои «Тоҷиксодиротбонк» хеле душвор шудааст.

Як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, чанд ҳафтааст, бо сабабҳои ба ӯ норавшан наметавонад, ки аз банкоматҳо бо корти плостикиаш маблағ гирад. Вай барои гирифтани маблағ ба назди чандин банкоматҳои «Тоҷиксодиротбонк» рафтааст, вале дар аксари онҳо музди корашро натавонистааст бигирад. Ӯ мегӯяд, даҳҳо тан аз ҳамкоронаш мисли ӯ ба мушкили гирифтани пули худ аз банкоматҳо гирифтор шудаанд.

Хуршед Ҳусайнов, мудири бахши ҳисобаробаркунии «Точиксодиротбонк», мегӯяд, бо иллатҳои фаннӣ бархе аз банкоматҳои ин бонк аз фаъъолият боз мемонанд, вагарна масъулони ин бонк банкоматҳояшонро ҳамарӯза дар ҳаҷми муайян бо сомониву доллар пур мекунанд.
Аммо Амин Ташрифбеков, масъули дигари шуъбаи хизматрасониҳои банкоматҳои «Тоҷиксодиротбонк», иқрор мекунад, ки феълан «Тоҷиксодиротбонк» ба камбуди доллари амрикоӣ мувоҷеҳ аст, ва ба ин сабаб дар банкоматҳо танҳо пули миллии сомониро метавон гирифт.

Ин дар ҳолест, ки мизоҷон аз ду банкомати ин бонк (воқеъ дар меҳмонхонаи «Авесто» ва назди мағзаи «1001 майда-чуйда») на доллар гирифта метавонистанду на сомонӣ. Аслан банкоматҳо кор намекарданд ва аксари мизоҷон ба ҷустуҷӯи банкомати «пулдор»-и бинои марказии «Тоҷиксодиротбонк» равон мешуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бонкҳо барои ин хизматрасонӣ ҳадди ақалл аз мизоҷ 1 дарсади маблағашашонро ҳақулзаҳмат мегиранд.

Коршиносон мегӯянд, аслан ин мушкил дар тамоми бонкҳое, ки хизматрасонии кортҳои плостикиро роҳандозӣ кардаанд, ҷой дорад. Қаландар Холов, раҳбари бахши хизматрасонии бонкаматҳои бонки тиҷоратии «Агроинвестбонк», мегӯяд, баъзан бо сабаби қатъ шудани барқ ин бонк дар анҷоми хизматрасонии банкоматҳо ба мушкил рӯбарӯ мешавад.

Аммо коршиносон мегӯянд, иллати аслии кор накардани банкоматҳо он аст, ки бонкҳо маблағе, ки корхонаҳо ба суратҳисобу кортҳои плостикии кормандонашон мегузаронанд, барои корҳои дигари худ дар гардиш мегузоранд, ва аз ин сабаб банкоматҳо би дуни маблағ мемонанд. Одил Давлатшоев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар пайи буҳрони молиявӣ феълан бонкҳои Тоҷикистон имкони қарздиҳӣ ва пардохтро тақрибан гум кардаанд ва ин низ яке аз сабабҳои пул надоштани бонкаматҳо будааст.

Коршиносон ба мизоҷони бонкҳо маслиҳат медиҳанд, ки дар шароити буҳрони молияви аз хизматрасониҳои кортҳои плостикии бонкҳои Тоҷикистон худдорӣ намоянд. Зеро, мегӯянд онҳо, имкон дорад, бархе бонкҳо пули мизоҷонро дода натавонанд ва, аз ин сабаб, мардум аз маблағи худ маҳрум бишаванд.
XS
SM
MD
LG