Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як триллион $ барои наҷоти иқтисоди ИМА


Мушовирони раисҷумҳури мунтахаби Амрико Б. Обама баъд аз машваратҳо бо мутахассисони соҳаи молӣ ва иқтисодӣ аз нерӯҳои мухталифи сиёсӣ тарҳи эҳёи иқтисодии кишварро баррасӣ мекунанд, ки барои анҷоми он дар ду соли оянда то 1 триллион доллар зарур хоҳад шуд.

Ин маблағ аз он чи ки гурӯҳи Обама пешбинӣ мекард, хеле бештар аст. Қаблан, ин гурӯҳ барои тақвияти иқтисод ҷудо кардани 600 миллиард долларро баррасӣ мекард.

Мушовирони аршади раисҷумҳури мунтахаб дар ҷараёни таҳияи тарҳи иҷрои ваъдаи пешазинтихоботии Обама ҷиҳати эҷоди дуюним миллион ҷои кории нав миёни мутахассисони соҳаи иқтисод ва молӣ назархоҳӣ анҷом дода, ин посухҳоро ҷамъбаст намуданд. Бо вуҷуди ин, аъзои гурӯҳи Обама гуфтаанд, ки дар мавриди арқоми дақиқ ба тасмими ниҳоӣ нарасидаанд.

Конгресси кишвар аллакай ихтисоси 700 миллиард долларро барои наҷоти Wall Street ба тасвиб расонд ва тарҳи гурӯҳи иқтисодии Обама ин сармояи иловагӣ мебошад.

Бино бар пешгӯиҳои мушовирони Обама, ихтисоси 600 миллиард доллари иловагӣ имкон хоҳад дод, то семоҳаи аввали соли 2011 тарҳи эҷоди дуюним миллион ҷои кории нав иҷро шавад, аммо бекорӣ ҳамоно дар сатҳи 8 % боқӣ хоҳад монд. Ҳамин тавр, барои поин бурдани бекорӣ, мегӯянд онҳо, дар давоми ду соли оянда дастикам 850 миллиард доллар зарур хоҳад шуд.

Мушовирони Обама бо пешгӯиҳои мутахассисони соҳа розиянд, ки мегӯянд, бидуни саромоягузории фаврии ҳукумат бекорӣ то 9 дарсад боло меравад ва ин лағжиш то соли 2011 идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG