Ин санадҳои мӯътабари СММ-ро 80 кишвар эътироф кардаанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки на дар ҳар кишвар ин санадҳо риоя
Аслан кишварҳое бештар дар хориҷ муҳоҷирини корӣ доранд, ки дар дохили кишвари худ наметавонанд ҷойҳои кофии корӣ ба вуҷуд оранд. Ба ин сабаб нируҳои корӣ кишварро тарк мекунанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳост ва ҳоло бино ба ҳисоби тақрибӣ ҳудуди 1 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, сабти маблағи ворида аз муҳоҷирини корӣ ба Тоҷикистон аз соли 2002 шурӯъ шудааст. Дар ин сол маблағи муҳоҷирин танҳо 79 миллион долларро ташкил додааст, дар ҳоле, ки як сол баъд ин маблағ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар он солҳо интиқоли пул тавассути бонкҳо чандон роиҷ набуд. Баъд аз се сол, яъне, дар соли 2006 ин маблағ ба беш аз 1 миллиард доллар расид. Соли 2007 тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ба як миллиарду 691 миллион доллар расид, ки 45 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ҳамин пулҳо ташкил дод ва Тоҷикистон аз рӯи ҳамин нишондод дар ҷаҳон ба ҷои якум баромад.
Молдова бо бештар аз 38 дарсад дар мақоми дуввум, Лесото бо 28 дарсад дар мақоми севвум қарор доранд. Қирғизистон низ бо 18 дарсад ҳамроҳ бо ин кишварҳо дар садри ҷадвал қарор дорад.
Бино ба пешгӯиҳо ва бо назардошти бӯҳрони саросарии молӣ мумкин аст интиқоли пул аз муҳоҷирини корӣ дар соли 2008 афзоиши зиёд надошта бошад, дар ҳоле, ки дар ним соли аввали имсол афзоиш мушоҳида шудааст, вале дар нимсолаи дуввум ҳоло маълумот такмил нашудааст.
Муҳоҷирати кории тоҷикон падидаи нав аст ва танҳо баъд аз истиқлол, ба вижа дар солҳои ҷанги дохилӣ дар охири солҳои 1990 шурӯъ
Шарҳҳоро бинед (5)
Боз кардани шарҳи бештар